Дар ноҳияи Варзоб кӯҳпора канда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

Декабрь 7, 2022 14:07

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр, соати 07:32 бо вақти маҳаллӣ  дар мавзеи Тагоб, гардиши Сафедораки ноҳияи Варзоб дар роҳи дорои аҳмияти маҳалӣ кӯҳпора фаромад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои бартараф кардани пайомадҳои ин ҳодиса техника ва кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ягон талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи бориши барфу борони рӯзҳои гузашта ҳамоно дар роҳҳои кӯҳии кишвар хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ боэҳтиёт бошанд.

Дар ин рӯзҳо рафтан ба ҷамъоварии ҳезум ва шикору моҳидорӣ маслиҳат дода намешавад.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 7, 2022 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия