Дар Санкт-Петербург нишасти ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад

Декабрь 9, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Баргузории нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ охири моҳи декабр дар Санкт-Петербург ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дирӯз, 8 декабр ёрдамчии Президенти ФР оид ба корҳои хориҷӣ Юрий Ушаков дар брифинг хабар дод, иттилоъ медиҳад «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Ба маълумоти шумо мерасонам, ки тибқи анъанаи муқарраршуда, дар охири моҳи декабр дар Санкт-Петербург мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад», — баён дошт Ушаков.

Ушаков зикр кард, ки мулоқоти дӯстона «аз рӯи анъанаи муқарраршуда» мегузарад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид