Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, ин маъракаи фарњангb ноширони ватаниву хориҷиро ба ҳам овард. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зимни ифтитоҳи ин Намоишгоҳи байналмилалӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода китобро муҳимтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ унвон карда, иброз дошт, ки аз оғози таърих то ба имрӯз китоб аст, ки таърихи ҳар халқу миллатро аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳад ва забони миллиро ташаккул дода, ҳифз менамояд.
«Китоб афкори волои инсониро дар беҳтарин шаклу муҳтаво фаро мегирад, одамро ба ҷойгоҳи баландтарини инсониии хеш мерасонад. Қавму милатҳоро шинос месозад. Гузаштаро барои ояндасозӣ пеши чашмони мо ҷилвагар месозад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин моҳияти олии фарҳангӣ ва иҷтимоии китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангии хеш ба масъалаи нашри китоб ва оммавигардонии китобхонӣ миёни ҷомеа, бахусус миёни насли наврас ва ҷавон диққати махсус зоҳир менамоянд»,-изҳор дошт З.Давлатзода.
Бояд гуфт, ки аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» дар пойтахти кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуда, дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон бо мамолики бо мо дусту бародар нақши созгор мегузорад.
Дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи кишвар, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», «Нашриёти муосир», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», намояндагони Россия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Қазоқистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.


Зулфия Давлатзода зикр намуд, ки «мояи хушнудист, ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву бародарӣ ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамраъйии ноширони хориҷиву ватаниро дар ин Намоишгоҳи байналмилалии китоб пазироӣ мекунем. Миллати тоҷик ба китоб ҳамчун яке аз унсурҳои афзуни фарҳанги башарӣ иртибот, муносибат ва таваҷҷуҳи хосса дорад. Аслан таърихи миллати мо бе китоб қобили тасаввур нест».
Намоишгоҳи байналмилалии китоб тӯли ду рӯз — аз 14 то 16 декабр идома меёбад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд






