Дар шаҳри Роғун вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботӣ оид ба пешгирии амалҳои номатлуб бо аҳолӣ доир шуд
РОҒУН, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати шаҳраки Оби гарми шаҳри Роғун вохӯрии гурӯҳи кории тарғиботӣ оид ба пешгирии амалҳои номатлуб бо ҷавонон, фаъолон ва падару модарон баргузор гардид, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.
Ҳайати гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини соҳаи идеологияи шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолону собиқадорон баҳри дар амал иҷро намудани бандҳои Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм, амалӣ намудани қонунҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, пош нахӯрдани оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва сафарбар намудани онҳо ба сафи Артиши миллӣ сухан намуда, ба саволҳои сокинон ҷавобҳои судманд доданд.
Зикр шуд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи тарбияи насли ҷавон ба шумор рафта, омӯзгорон, падару модарон ва собиқадорону фаъолон бояд насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.
«Имрӯз фарзандони мо бояд бо хоҳиши худашон барои ҳимояи марзу буми Ватан ва зиндагии осоиштаи падарону модарон раҳсипор шуда, волидайни хешро дар ҷомеа сарфарозу сарбаланд гардонанд. Зеро ҳифзи Ватан- ин ҳимояи хонаву дари худ ва дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст»,-зикр шуд дар ҷараёни ҳамоиш.
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби сокинон дар ҳамаи маҳаллаю деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр баргузор карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






