Дар Суғд ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президент аз Тоҷикистон 2 нафар, аз ҷумла дар вазни 65 кг Орифҷон Додов ва дар вазни 71 кг Мирзоҷамил Рамазонов соҳиби ҷойи якум ва дар вазни 95 кг ва беш аз 95 кг варзишгарони эронӣ Масъуд Қавибозу ва узбекистонӣ Муҳсин Ҳисомиддинов соҳиби Шоҳҷоиза — автомашинаи тамғаи «Hyundai Avante» гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар маросими кушодашавии чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ, намояндагони кишварҳои иштироккунанда, варзишгарону мураббиён, ҷавонон иштирок доштанд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар варзишгарони кишварҳои Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Туркманистон, Гурҷистон давоми рӯз қувваозмонӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош намуданд.


Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 2 нафар соҳиби ҷойи якум, 3 нафар соҳиби ҷойи дуюм 6 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Ба соҳибони ҷойҳои сеюм, дуюм ва якум мутаносибан 10 000 сомонӣ, 20 000 сомонӣ ва 40 000 сомонӣ мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Ёдовар мешавем, ки 18 декабр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд









Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






