Дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои бо истифода аз ТИК содиршаванда Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (ТИК) содиршаванда Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад. Супориши дахлдор имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дода шуд.
Сарвари давлат иброз карданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Аз ин лиҳоз, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Дар робита ба ин, Сарвари давлат дастур доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Пешвои миллат ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






