Дар Тоҷикистон корҳои экспедитсионӣ доир ба пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо роҳандозӣ мегарданд

Декабрь 24, 2022 12:02

ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаи тадқиқоти инструменталӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ давоми 66 соли охир гузаронида мешаванд, таназзули босуръати пиряхҳо ба назар мерасад ва дар ин замина бояд корҳои экспедитсионии минтақавию байналмилалӣ бо мақсади омӯзиши амиқи ҳолат ва тағйирёбии минбаъдаи онҳо дар доираи «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» роҳандозӣ гарданд. Ин матлаб 22 декабр зимни баргузории ҳамоиши илмӣ – амалӣ бахшида ба қабул гардидани қатъномаи иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ оид ба эълон намудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», «21 март — Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва «Таъсиси Фонди боварии байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.

Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур-ин  натиҷагирии фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баррасии ҳолати кунунӣ ва арзёбии дурнамои вазъи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ҷаҳон мебошад.


Иштирокчиёни ҳамоиш бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда дар доираи истиқболи Соли 2025-соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряҳҳо инчунин ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиширо дар ҳавзаи дарёҳои асосии ҷумҳурӣ таъкид намуданд.

Мақсади баргузории экспедитсияҳои омӯзишӣ — ин баҳогузории ҳолати пиряхҳо бо иштироки олимону коршиносони сатҳи минтақавию байналмилалӣ ва фаъол намудани кори  гурӯҳҳои байниидоравӣ мебошад.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Декабрь 24, 2022 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид