Дар вилояти Хатлон 64 муассисаи таълимии нав мавриди истифода қарор дода шуданд

Декабрь 27, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 27.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 64 муассисаи таълимии нав, дар маҷмўъ 488 синфхона барои 23424 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус зимни баргузории иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, ки 26 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлис, Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар иҷлосияи мазкур зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет дар соли 2022 1,3 миллиард сомонӣ ба соҳаи маориф равона гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 1371 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 844 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта мутаносибан теъдоди муассисаҳо 6 адад ва хонандагон 27 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандаи синфи 10-уми МТМУ №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева бо Шоҳҷоизаи озмун сарфароз гардида, ғайр аз он намояндагони вилоят ба гирифтани 2 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм, 7 ҷойи сеюм ва 32 ҷойи ифтихорӣ сазовор гаштанд.


Дар озмунҳои “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” 6 ҷойи дуюм, 13 ҷойи сеюм ва 4 ҷойи ифтихорӣ, дар озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” 1 ҷойи якум, 3 ҷойи сеюм ва 10 ҷойи ифтихориро сазовор гаштанд, ки ин дастоварди назаррас мебошад.

Дар иҷлосия ҳамчунин вакилон Исломиддин Раҳмон, Даврон Нишонзода, Бунафша Файзиддинзода, Бахтиёр Назарзода ва дигарон ба муҳокима баромада, доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Данғара, Дӯстӣ, шаҳрҳои Леваканту Кӯлоб ҳисобот доданд.

Аз рӯйи масъалаҳои дуюм ва сеюми маҷлис гузориши сардори Сарраёсати молияи вилоят Ҳабибулло Иззатуллозода оид ба иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2021 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2023 шунида шуда, нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2023 аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.

Вакилон ҳамзамон барои пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Восеъ-№27, Қубодиён-№40 ва Ҷалолиддини Балхӣ-№41 ва таъйин намудани интихобот раъй доданд. Дар иҷлосия Комиссияи вилоятии интихобот таъсис дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон/манбаъҳои боз

Декабрь 27, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд