Дастаи «Бешкент» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо пирӯзии дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар қисми ниҳоии мусобиқоти Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола оид ба футбол анҷом ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқаи имсолаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқот чордаҳ даста ба ду гурӯҳ- «А» ва «Б» ҷудо шуданд. Тибқи натиҷаи бозиҳои минтақавӣ, аз ҳар гурӯҳ се даста ба қисми ниҳоии мусобиқа баромада, муборизаро барои медалҳо давом доданд.
Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Панҷшер» ва «Зебо» мубориза бурданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ- 0:0 хотима ёфт Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 бахт ба рӯи дастаи «Панҷшер» хандид
«Бешкент» дар вохӯрии ҳалкунандаи чемпионат бар дастаи «Бунҷикат» бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Дар маросими ҷамъбасти чемпионат Директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, Директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва муовини Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ширкат доштанд.
Аз рӯи ҷамъбасти чемпионат Марҷона Маматқулова аз тими «Бунҷикат» беҳтарин дарвозабон гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Улҷамол Элмуродова («Бешкент»), ки ба дарвозаи рақибон 71 гол задааст, аз худ кард. Эркин Нормуродов («Бешкент») беҳтарин мураббии чемпионат ва Маҳлиё Ҷумъақулова («Бунҷикат») беҳтарин бозигар дониста шуданд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






