Давлаталӣ Саид бо Президенти JICA ва Раиси Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари ҳайти иқтисодии Тоҷикистон дар Токио мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Танако Акиҳико ва Раиси Бонки ҳамкории байналмилалии ин кишвар Ҳаяши Нобимитсу баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Токио хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи фаъолияти пурсамари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳамияти идомаи таҳкими ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд.
30 ноябр мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Раиси Бонки ҳамкории байналмилалии Япония Ҳаяши Нобимитсу баргузор гардид.

Дар мулоқот тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҳамкории байналмилалии Япония, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва ҷалби маблағҳои имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон








Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид






