Эмомалии Нуралӣ дар аввалин қувваозмоии худ дар мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» мағлуб шуд

Декабрь 20, 2022 17:38

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр, дар рӯзи якуми мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» оид ба дзюдо, варзишгарон дар вазнҳои 60 ва 66 килограмм рақобатҳоро оғоз карданд. Дар вазни то 66 килограмм ягона намояндаи Тоҷикистон (дар ин вазн) дар мусобиқаи мазкур Эмомалии Нуралӣ (ДАР АКС) дар нахустин қуввасанҷӣ аз Реда Седдукии 24- сола аз Фаронса бо 3 огоҳӣ дар вақти тиллоӣ мағлуб шуда, аз ҳуқуқи идомаи мусобиқа бенасиб монд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Реда Седдукии фаронсавӣ ба даври дуюм роҳ ёфт ва бо варзишгари мизбон Баруч Шмаилов сабқат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо «Jerusalem Masters 2022» 20-22 декабр доир мегардад.

Тоҷикистонро дар охирин мусобиқа оид ба ҷудо дар ин мавсим Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд. Аллакай мусобиқа барои Эмомалӣ бебарор анҷом ёфт. Комроншоҳ ва Темур дар рӯзӣ охир рақобатро оғоз мекунанд. Комроншоҳ бо Лаша Беккаури (Гурҷистон), Темур Раҳмов – бо ғолиба ҷуфти Вито Драгич (Словаения)–Ричард Сипож (Маҷористон) қувва хоҳанд озмуд.

Имсол 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» номнавис шудаанд. Онҳо дар ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ сабқат доранд.

Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати соҳиб шудан ба роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд.

АКС: ТВ «Варзиш»

Декабрь 20, 2022 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад