Фирӯз Сайнозимзода, мушовири калони кумитаи МН МО ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон: «Ҳар Паёми Пешвои миллат барои шаҳрвандон башорати нек дорад»

Декабрь 25, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 25.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар Паёми хеш ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд, — иброз дошт мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА дар шарҳи Паёми навбатии Пешвои миллат, ки 23 декабр ба Парлумони мамлакат ироа гардид.         

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва маҷмуан, инкишофи давлати соҳибистиқлоламон нақши бағоят муҳим дорад.

Фирӯз Сайнозимзода иброз дошт, ки «ҳамасола мардуми шарифи мамлакат Паёми Пешвои муҳтарами хешро бесаброна интизор мешаванд, зеро ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳар Паём дар пасманзари худ барои шаҳрвандон башорати нек дорад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми имсола аз баланд шудани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо мужда доданд».

Ҷиҳати амалӣ намудани талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 дар самти баланд бардоштани музди меҳнат, стипендияҳо ва нафақаи шаҳрвандон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда мешаванд.

«Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зиндагонии шаҳрвандон ва таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолии мамлакат зиёда аз 20 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо ба тасвиб расидаанд. Аксарияти онҳо дар заминаи дастуру супориш ва талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд»,-гуфт Ф.Сайнозимзода.

Мавриди ёдоварист, ки Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 масъалаи ба оилаҳои камбизоат расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба миён гузошта, иброз доштанд, ки «татбиқ намудани тартиби нави кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад». Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» (24 феврали соли 2017) таҳия ва қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо равона шудааст. Дар натиҷа, оилаҳои камбизоат аз кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бархурдор гардиданд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки ҷиҳати аз 1 июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, рушду инкишофи Ватани азизамон мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 25, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ– ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Ҳамовозӣ ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе