«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар озмуни ҷумҳуриявӣ намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат доранд

Декабрь 13, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 13.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, аз имрӯз то 15 декабр 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат менамоянд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан иттилоъ додем, озмуни мазкур 5 декабр оғоз гардида, аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат мегирад.

Баҳри дарёфти ғолибон довталабон тамоми сайъу талошҳои худро ба харҷ дода, мунтазири натиҷаҳои онанд.

Омӯзгори МТМУ рақами 25-и шаҳри Ваҳдат Гавҳар Сайфиддинова дар озмуни мазкур аз рӯи номинаи «Адабиёти ҷаҳон» иштирок дорад. Ӯ иброз медорад, ки тавассути иштирок дар озмун ҷаҳонбинии худро хеле васеъ намудааст.

«Дар асарҳое, ки ба озмун пешниҳод гардидаанд, доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва халқҳои ҷаҳон маълумоти мухтасар оварда шудааст. Мутолиаи онҳо барои ҳар шахс дар зиндагӣ зарур аст, зеро он ба инсон ба ғайр аз огоҳ шудан аз таърихи гузаштаи худ, инчунин дарси зиндагӣ мебахшад», -мегӯяд Гавҳар Сайфиддинова.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, китоб дар ҳаёти инсоният нақши бориз дошта, сарчашмаи ба камол расидан ва маърифатноку хирадманд шудан мегардад. Аз ин рӯ Гавҳар Сайфиддинова ҳамчун омӯзгор изҳор медорад, ки бояд ҳамеша талош бар он кард, ки наврасони мо ба китобхонӣ ҳамеша шавқу рағбат дошта бошанд. Меҳри китобро аз хурдсолӣ дар дилашон ҷой диҳанд, то кӯдак фаҳмад, ки китоб чист ва ба ӯ чӣ дода метавонад.

«Ман тӯли ду сол аст, ки дар ин озмун иштирок дорам ва фикр мекунам, ки иштирокчиёни имсола нисбат ба солҳои қаблӣ куллан фарқ доранд. Зеро онҳо аллакай камбудиҳоеро, ки соли гузашта ба онҳо роҳ дода буданд, тавассути мутолиаи зиёд ислоҳ кардаанд. Рисолати озмун ҳам дар ҳамин зоҳир мегардад»,-гуфт ӯ.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд