«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз барандаи Шоҳҷоиза ва ғолибони номинаҳо эълон мегарданд

Декабрь 17, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 17.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он аз миёни 442 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ беҳтаринҳо интихоб гардида, қадрдонӣ мешаванд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – 5-7 декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 8-10 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 11-12 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 13-15 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун байни ҳам рақобат намуданд.

Дар даври ниҳоии озмун 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат намуданд.

Тибқи низомномаи озмун, барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне рақобат карда метавонанд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинаҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз панҷ номина — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ёдовар мешавем, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
Ғолибони даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид