ФУТБОЛ. Дар Душанбе мусобиқаи «Гузариш» бахшида ба хотираи Ислом Маҳмадшоев оғоз гардид

Декабрь 9, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии «Гузариш» оид ба футбол бахшида ба хотираи собиқ дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев оғоз шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти ФФТ.

Дар мусобиқа ҳафт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Суғд-1», Хатлон-2, Душанбе-1 ва НТМ шомиланд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои «Хатлон-1», «Душанбе-3» ва «Душанбе-2» рақобат мекунанд.

Пас аз натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.
Мусобиқаи «Гузариш» бахшида ба хотираи Ислом Маҳмадшоев 11 декабр ба анҷом мерасад.

Ташкилкунандагони мусобиқа Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мебошанд.

Мусобиқаи «Гузариш» бахшида ба хотираи Ислом Маҳмадшоев

Гурӯҳи «А»
Даври 1

«Суғд-1» – НТМ – 2:7
«Хатлон-2» – «Душанбе-1» – 0:2

Гурӯҳи «Б»

«Хатлон-1» – «Душанбе-2» – 0:2

Даври 2
Гурӯҳи «А»

«Суғд-1» – «Хатлон-2» – 1:3
НТМ – «Душанбе-1» – 1:5

Гурӯҳи «Б»

«Хатлон-1» – «Душанбе-3» – 0:4

Акс: ФФТ

Декабрь 9, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид