ФУТБОЛ. Дастаи «Душанбе-1» ғолиби Лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» (U-16) гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Душанбе-1» барандаи Лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» миёни бозигарони то 16-сола оид ба футбол гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе 7 декабр қисми ниҳоии мусобиқаи Лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» (U-16) ба анҷом расид. Барои медалҳо нуҳ даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, муборизаро оғоз намуданд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ рақобатҳо аз рӯйи системаи плей-офф баргузор шуданд.
Дастаи НТМ дар бозӣ барои ҷойи севум бар тими «Суғд-1» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Наврасони «Душанбе-1» дар бозии ниҳоӣ ҳамсолони худро аз дастаи «Суғд-2» дар силсилаи пеналти – 4:2 (вақти асосӣ – 2:2) шикаст дода, ғолиби лигаи «Умед» дар соли 2022 гардиданд. Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков, капитани дастаи миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров, собиқ бозигарони дастаи миллӣ Юсуф Рабиев ва Фаррух Чориев, инчунин сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои ЛФКНТ Шамсиддин Раҷабов ширкат карданд.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқоти Лигаи наврасони Тоҷикистон «Умед» (U-16) Умарҷон Раҳматов (НТМ), Саидҷон Бобозода («Душанбе-1») ва Беҳзод Ҳакимов («Суғд-2») беҳтарин бозингар дар ҳайти дастаҳо дониста шуданд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот Ҷавоҳир Нарзуллоев («Суғд-2») гардид, ки дар чемпионат ба дарвозаи рақибон 12 гол зад.
Ҷоизаи беҳтарин бозигар ба Ҳусниддин Соҳибов аз дастаи «Душанбе-1» супорида шуд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






