ФУТБОЛ. Игор Черевченко метавонад сармураббии «Истиқлол» шавад

Декабрь 26, 2022 13:32

ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол» ба Игор Черевченко шартнома пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи манбаъ аз хабаргузории «Sputnik»-и Россия, шояд ояндаи наздик музокироти ҷонибҳо идома ёбад, зеро Черевченко барои сармуррабии яке аз дастаҳои футболи Осиёи Марказӣ шудан мухолиф нест.

Ҳамзамон зодаи Тоҷикистон дар заминаи касби мураббигӣ пешниҳодҳои зиёде дарёфт кардааст. Маълум аст, ки Черевченко ин шартҳоро бо якчанд дастаҳои дигар муҳокима мекунад, ки миёни онҳо дастаҳои ИДМ низ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 Игор Черевченко  вазифаи сармураббии дастаи «Химки»-ро тарк кард. Сабаби рафтани ӯ мушаххас нашудааст, аммо тарафҳо бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ карданд.

Қаблан Черевченко дар мусоҳиба бо расонаҳои Россия гуфта буд, ки нияти қатъи мураббигиро  надорад ва имконоти мухталифи кор, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёро баррасӣ мекунад. Ӯ нақша дошт, ки  аллакай зимистон дастаи нави футболро роҳбарӣ кунад.Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ писари футболбози маъруф, ҳоло марҳум Геннадий Черевченко аст, ки тақрибан тамоми фаъолияти худро дар «Помир»-и Душанбе гузаронида, солҳои зиёд ба ҳайси сарбони ин даста фаъолият кардааст.

Солҳои 1993-1994 Игор Черевченко дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, бо бозиҳояш дар дастаи «Локомотив»-и Москва низ маъруф аст. Дар нимаи дуюми солҳои 90-ум ӯ яке аз бозигарони асосии даста буд. Яке аз се футболбози Федератсияи Россия ҳамроҳ бо Дмитрий Парфенов ва Сергей Семак аст, ки ҳам ҳамчун бозигар ва ҳам чун сармураббӣ Ҷоми Россияро ба даст овардаанд.

Игор Черевченко Душанбеи азизашро фаромӯш намекунад ва тақрибан ҳар сол ба ин ҷо омада, дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба поси  хотири падараш мусобиқаи кӯдакона мегузаронад. Ин аст иқтибосе, ки ӯ ба хабарнигори «АП» соли 2019 зимни ин мусобиқа додааст.

АКС: ФФТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2022 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад