ФУТЗАЛ. «Соро компания» ва «Амонатбонк» дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 вомехӯранд
ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал 7 декабр дастаҳои шаҳри Душанбе – «Соро компания» ва «Амонатбонк» вомехӯранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
5 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. Чемпиони мамлакат дастаи «Соро компания» бар дастаи «Рахш-Такси» бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард. Дар бозии дигари даври ½-финалӣ дастаи «Амонатбонк» бо ҳисоби 4:1 бар дастаи «Вавилон» пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ, вохӯрии ниҳоии Ҷоми кишвар 7 декабр бо ширкати дастаҳои «Соро компания» ва «Амонатбонк» сурат мегирад. Бозӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, соати 19:30 оғоз мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
½-ниҳоӣ
«Соро компания» – «Рахш-Такси» – 6:2
«Вавилон» — «Амонатбонк» – 1:4
Финал
7 декабр (чоршанбе)
Оғоз – соати 19:30
«Соро компания» – «Амонатбонк»
Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Акс: ФФТ








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






