ГӮШТИН. Суннат Абдуллоев дар Боку медали биринҷӣ ба даст овард

Декабрь 20, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи охири Мусобиқаи байналмилалии «Таҳсил» оид ба гӯштин миёни наврасони то 17-сола варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Исоҷон Нурмаҳмадзода (-71кг) дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ ҷои панҷумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқа варзишгари тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни -80кг-и равияи тарзи озод сазовори медали тилло шуда буд.

Мусобиқаи байналмилалии «Таҳсил» оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасон 16-19 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир гашт.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат намуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Декабрь 20, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад