Холид Ал-Фолеҳ: «Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард»
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ мусоид хоҳад кард. Ин нуктаро имрӯз Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гариданд», — гуфт Холид Ал-Фолеҳ.
Ба таъкиди ӯ, баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим хоҳад буд.
Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ зикр намуд, ки аз номи роҳбарияти кишвари худ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шодбош гуфт.
Бояд тазаккур дод, ки аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, Комиссияи муштараки Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон даври нахустини худро 26 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор намуда, даври дуюми Комиссия 1 апрели соли 2018 дар пойтахти Арабистони Саудӣ шаҳри Риёз баргузор гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






