Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор шуд

Декабрь 22, 2022 20:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 декабр таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд. Сипас, тибқи рӯзнома лоиҳаи буҷети шаҳр барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷет дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе вакилон онро қабул ва тасдиқ намуданд.

Раиси шаҳр вобаста ба иҷрои нақшаи буҷет, самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва кам намудани бақияпулиҳои андозӣ ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.


Вакилон дар идома ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомотро муҳокима намуданд ва  вобаста ба он ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси шаҳр ба муовини Раиси шаҳри Душанбе — сарпарасти соҳаи нақлиёт якҷо бо шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои татбиқи барномаи мазкур ва дар доираи он таҳия ва пешниҳод намудани Консепсияи ба низоми барқӣ гузаштани нақлиёти мусофиркашонии пойтахт ва ба ин васила таъмини бехатарии экологии пойтахт бо истифода аз «Энергияи сабз» дастурҳо доданд.

Ҳамчунин масъулин муваззаф гардиданд, ки дар якҷоягӣ бо корхонаҳои нақлиётӣ бо ҷалби сармоя ва шарикони рушд давоми солҳои минбаъда ҷиҳати ворид намудани нақлиёти барқӣ ва пурра аз нав кардани паркҳои нақлиёти хусусӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар, самаранок ҷорӣ намудани нақшаи гардиши нақлиёт, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти терминалаҳои мусофирбар дар назди даромадгоҳҳои пойтахт, пешгирӣ намудани сабқатҳо миёни ронандагони нақлиёти мусофирбар, пешгирии танбашавии воситаҳои нақлиёт, коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ба танзим даровардани нақлиёти мусофиркаши таксӣ ва дуруст муайян кардани квотаҳо, омодагии корхонаҳои нақлиётии шаҳр ба зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас доданд.


Сипас суханронии Раиси шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2022 шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2023 муайян карда шуданд.

Дар назди муовини якум, муовинон, раисони ноҳияҳои шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор вазифаҳо гузошта шуданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ, босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳои сохтмонию ободонӣ, таъмиру навсозии бинову иншоот ва бо риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ бунёд намудани биною иншоот тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки барои таъмини риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди биною иншоот, барқарор намудани роҳҳои дохили маҳаллаҳо, тақвият бахшидани фаъолияти комиссияи давлатии қабули иншоот, ба анҷом расонидани бунёди муассисаҳои томактабиву миёнаи умумӣ ва меҳмонхонаҳо, таъмини сокинон бо хизматрасониҳои хуби коммуналӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Раиси шаҳр супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, ба роҳ мондани усулҳои нави таълим, тарғиби китобхонӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, иҷрои саривақтию босифати барномаҳои соҳаи тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми кишвар- саноаткунонии босуръат дар доираи эълони  Солҳои рушди саноат (2022-2026) барои дастгирии давлатии корхонаҳои ватаниву соҳибкорони инфиродӣ, солимгардонии корхонаҳои истеҳсолии аз фаъолият бозмонда, ҷалби сармоя ҷиҳати бунёди коргоҳу корхонаҳои наве, ки ба истеҳсоли молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва ба содирот нигаронида шудаанд, инчунин роҳандозии ҳамкории густурда бо соҳибкорон ҷиҳати зиёд намудани ҷойҳои кории нав, таъмини сокинон бо энергияи гармӣ ва неруи барқ, ҷалби занону духтарони ҳунарманд ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.


Ҷиҳати ободу зебо гардидани пойтахт ва тақвият бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷалби сокинони пойтахт, инчунин шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳои ҳудуди пойтахт, ба миқдори зарурӣ захира ва парвариш намудани гулҳои мавсимию ҳархела ва сари вақт баровардани партовҳои маишӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Вакилон ҳамчунин якчанд қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар охир Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кулли сокинони пойтахтро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ орзу намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 22, 2022 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
Барои дарёфти стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон гардид
Барои муҳаққиқони ҷавон Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфт
Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» 19 март баргузор мешавад
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор мегардад
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар участкаи интихоботии №15-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе овоз доданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзӣ баргузор шуд
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ». Бо ҷалби 13 ҳазор афсару сарбоз маросими ҷоизасупории ин фестивал доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид