Имрӯз бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон кумаки навбатии башардӯстона фиристонида шуд

Декабрь 1, 2022 20:00

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир ҳисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ҳовар».

Вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемологӣ  ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ  дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардида,  дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сузишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда,  маблағи 19  миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи дастури Пешвои миллат  сохторҳои дахлдори мамлакат барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон сертификати кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Покистон супорида шуд.

Хотиррасон мешавем, ки моҳи сентябри соли равон низ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона иборат аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 дона  шифер дар маҷмуъ беш аз 3000 тонна  ба  маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуда буд.

Таъкид бояд кард, ки ин тадбир идомаи сиёсати башардӯстонаи хориҷии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар рӯзҳои душвору вазъи мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ  дастгиру кумакрасони давлат ва мардуми дӯсту бародари Покистон будани роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро  собит менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2022 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Пекин
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ректори Донишгоҳи Пекин Гун Сихуан мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ»-и Чин дар Пекин гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд
Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ан Сяомэн, рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Чин нашр шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Чин мулоқот намуданд