Имрӯз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо Jerusalem Masters 2022 оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо Jerusalem Masters 2022 оғоз шуда, то 22 декабр идома меёбад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд се варзишгари маъруф — Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни то 66 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи аввал — 20 декабр рақобатҳо дар вазнҳои то 60 кг, 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг, 57 кг миёни занон баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюм — 21 декабр гӯштингирон дар вазнҳои то 73 кг, 81 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 63, 70 килограмм миёни занон сабқат мекунанд.
Мусобиқа 22 декабр бо рақобатҳо дар вазнҳои 90, 100, +100 кг барои мардон ва 78, +78 кг миёни занон ба анҷом мерасад.
Имсол 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқаи Jerusalem Masters номнавис шудаанд. Дзюдочиён дар ҳар вазн мувофиқи мавқеашон дар рейтинги ҷаҳонӣ рақобат мекунанд. Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд.
Хотиррасон мешавем,ки Мусобиқаи байналмилалии Masters пас аз Бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон бузургтарин ва муҳимтарин мусобиқа маҳсуб мешавад. Гирифтани медали тилло дар мусобиқаи Masters ба варзишгар 1800 имтиёз, медали нуқра — 1260 имтиёз ва медали биринҷӣ — 900 имтиёз медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






