ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ иқтидори давлатро таъмин менамояд

Декабрь 9, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз аз соли 2011 ҳамасола 9 декабр геологҳои Тоҷикистон иди касбӣ- Рӯзи геологҳоро ҷашн мегиранд. Бахшида ба иди касбии ин соҳа хабарнигори АМИТ «Ховар» Назокат ҚОДИРЗОДА бо сардори шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир БОБОЕВ доир ба дастовардҳои нави саридора суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Сараввал Шуморо ба иди касбӣ- Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва дар кори басо мушкилатон муваффақият таманно менамоем. Бигӯед, ки дар ҷаҳони муосир сарватҳои зеризаминӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат чӣ нақш доранд?

Собир Бобоев: Саҳифаҳои таърих шаҳодат медиҳанд, ки сарватҳои зеризаминӣ, олами набототу ҳайвонот, замин ва дигар боигариҳои табиӣ ҳама вақт дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, аз бисёр ҷиҳат муносибатҳои байниҳамдигариро муайян мекарданд.

Дар ҷаҳони муосир қудрату тавоноии ҳар давлат, некӯаҳволии миллат ва мавқеи давлатро дар ҷомеаи байналмилалӣ омилҳои гуногун муайян менамоянд, ки яке аз онҳо — боигариҳои табиӣ, аз ҷумла сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд.

Вазъи имрӯзаи кишварҳои Аврупо, беқурбшавии асъори миллии давлатҳои алоҳида, номӯътадил гардидани муносибатҳои иқтисодӣ, ки имсол дар пасманзари норасоии захираҳои энергетикӣ рӯйи кор омаданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарватҳои зеризаминӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат нақши калидӣ доранд ва аз бисёр ҷиҳат мақоми давлатро дар муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ муайян менамоянд.

Масалан кишварҳое, ки дорои захираҳои зеризаминии бой буда, истифодаи захираҳои мазкурро ба таври самаранок ба роҳ мондаанд, тавонистанд ба давлатҳои пешрафта табдил ёбанд.

Хушбахтона, имрӯз ҷумҳурии мо истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ, баъзе намудҳои сангҳои қиматбаҳо ва бисёр намудҳои дигари сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад, ки ин натиҷаи меҳнати пурмашаққати геологҳои тоҷик мебошад.

Геология, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, тайи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ин, пеш аз ҳама, аз муносибати аз нигоҳи илмӣ асоснок, оқилонаю дурандешонаи геологҳо гувоҳӣ медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Тавре медонем, соли 2021 Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 қабул гардид. Бигӯед, ки дар марҳилаи аввали он Саридора ба чӣ гуна натиҷаҳо ноил гардид?

Собир Бобоев: Кормандони Саридора дар марҳилаи аввали иҷрои Барнома ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, дар объекти металлҳои сиёҳ дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи арзёбӣ дар зуҳуроти ванадийи Арглӣ 7 фосилаи маъданӣ бо ғафсии аз 4 то 36 м, файзнокии ванадий аз 0,12 то 0,19 % муайян гардид. Дар объектҳои металлҳои ранга дар қитъаи Ғутои зуҳуроти сурмаи Ривути Болоду минтақаи маъдандор бо дарозии умумӣ то 1500 м ва дар зуҳуроти сурмаи Офтобӣ минералҳои парокандаи антимонит бо ошкор намудани минтақаи минералноки антимонитдор муайян гардиданд.

Дар объектҳои металлҳои қиматбаҳо дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва тафтишӣ дар майдони маъдании Саримард ду баромади ҷисми маъданӣ омӯхта шуд. Дар ин самт дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ-Лучоб 10 майдони эҳтимолии мавҷудияти тилло ва дар қитъаи Ғарвони майдони Ошоба минтақаи эҳтимолии тиллодор муайян гардиданд.

АМИТ «Ховар»: Дигар самти омӯзиши геологӣ тибқи Барнома — ин омӯзиши металлҳои нодир ва нодирзамин мебошад. Дар ин самт натиҷаҳо чигунаанд?

Собир Бобоев: Дар ин самт низ ба мо муяссар гардид, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Аз рӯи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯии миқёси 1:5000 дар майдони пегматитдори Шазуд-Дузахдара» натиҷаи маҳакҳои ташхисшуда нишон дод, ки файзнокии лантан ва серий дар аксарияти маҳакҳо аз 50 то 100 г/т, дар маҳакҳои алоҳида файзнокии серий то ба 270 г/т мерасад, ки ин натиҷаҳо қаноатбахш мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Корҳо дар самти омӯзиши ашёи сангҳои худҷило ва ороишӣ дар кадом сатҳ қарор доранд?

Собир Бобоев: Дар минтақаи ҷанубу ғарбии Помир, дар қаторкӯҳҳои ҷанубии Шуғнони ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби геологҳои Саридора дар чанд соли охир ҳафт зуҳуроти нав кашф карда шуданд, ки ин комёбии беназири мутахассисону кормандони Саридора мебошад. Мавриди зикр аст, ки зуҳуроти кахолонг бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар минтақаи зикргардида кашф карда шуда, дорои аҳамияти калони илмӣ ва амалӣ мебошад. Минтақаи мазкур аз ин лиҳоз ниёз ба омӯзиши минбаъда ба ин намуди санги худҷило дошта, дурнамои он айни замон мусбат ва хуб муаррифӣ мегардад.

Дар ин давра дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим нуқтаҳои минералноки сангҳои худҷило, ба монанди ёқути кабуд, лаъл ва турмалин муайян карда шуда, ба ояндадории зуҳуроти ёқути кабуди Ишкошим ва турмалини рангаи Гармчашма баҳо дода шуд.


АМИТ «Ховар»: Барои пешбурди корҳои геологӣ, албатта, мутахассисони баландихтисос заруранд. Дар Саридораи геологияи Тоҷикистон мутахассисони геолог мерасанд?

Собир Бобоев: Дуруст гуфтед. Барои пешбурди корҳои геологӣ, мутахассисони баландихтисос нақши калидӣ мебозанд. Дар ин ҷода Саридора танҳо дар ду соли амалишавии Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 61 нафар мутахассисонро ба кор қабул намуд, ки дар ҷустуҷӯ, иктишоф ва ҳисобу китоби захираҳои ашёи минералӣ фаъолона иштирок менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок дастур дода шуд. Саридораи геология баҳри иҷрои ин дастур чӣ корҳоро амалӣ намуд?  

Собир Бобоев: Зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Саридораи геология супориш доданд, ки ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираи канданиҳои фоиданок гузаранд. Дар робита ба ин Саридора 4-5 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе «Конфронси панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» баргузор намуд, ки дар кори он аз давлатҳои Австралия, Канада, Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳое, ки ба омӯзиш ва истифодаи қаъри замин алоқамандӣ доранд, иштирок намуданд.

Барномаи ҳисоби захираи канданиҳои фоиданоки ширкати «Micromine» -ро истифодабарандагони қаъри замин дар тамоми ҷаҳон васеъ истифода мебаранд. Саридораи геология бо иштироки намояндагони ширкати «Micromine Central Asia» дар Тоҷикистон якчанд маротиба тренингҳо баргузор намуд ва корҳо дар ин самт идома дорад.

АМИТ «Ховар»: Бо мақсади рушд додани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо кадом давлатҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст?

Собир Бобоев: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо якчанд давлатҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, Созишнома бо Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба имзо расидааст, ки имрӯзҳо корҳо дар ин самт муваффақона амалӣ шуда истодаанд. Ғайр аз ин соли равон Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025 ба имзо расид. Мо умед дорем, ки ин барнома низ бомуваффақият амалӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки Саидораи геология дар 10 моҳи соли равон ба кадом натиҷаҳои назаррас ноил гардид?

Собир Бобоев: Дар зарфи 10 моҳи соли равон дар Шӯрои илмию техникӣ 45 ҳисобот ва 45 лоиҳаи корӣ оид ба омӯзиши геологӣ баррасӣ шуда, ба Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 60 мавод пешниҳод гардид. Дар натиҷа базаи ашёи минералии давлатамон бо тилло, сурма, оҳансанг, гаҷ, регу шағал ва дигар мавод бой гардонида шуд.

Саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи асосии таъмини рушди устувор аст. Соҳаи геология яке аз заминаҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар ба шумор меравад. Кашфи конҳо, яъне таъмин намудани корхонаҳои саноатии кишвар бо ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ- саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ табдил дода шавад.

Имрӯз ҷаҳониён аз маълумоти геологҳо фаровон истифода менамоянд ва ин ба пешрафти саноат мусоидат менамояд. Дар ин замина мо низ бояд пайваста брои омода кардани геологҳои муваффақ кӯшиш намоем.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат

Фирӯза

Зумуррад

Ёқут

Ёқути кабуд

Айнушшамс (санги шишамонанди шаффоф)

Александрит

 

ДАР АКС: Намунаи сангҳои қиматбаҳои кӯҳсори Тоҷикистон. Акс: Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 9, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент