«Jerusalem Masters 2022». Темур Раҳимов сазовори медали нуқра шуд

Декабрь 23, 2022 08:53

ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр, дар рӯзи охирини   мусобиқаи «Jerusalem Masters 2022» оид ба дзюдо варзишгари тоҷик Темур Раҳмов дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. 

Дзюдочии тоҷик Темур Раҳимов дар даври аввал озод буд ва рақобатро дар даври дуюм ба муқобили  Ричард Сипоч аз Маҷористон оғоз кард. Дар ин нерусанҷӣ Темур тавонист, ки бо имтиёзи иппон ба муқобили Ричард  зафар ёбад  ва роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор созад.

Дар давраҳои баъдӣ то финал Темур Раҳимов варзишгаронро аз Озарбойҷон ва Узбекистон мағлуб кард.

Дар даври финалӣ Темур Раҳимов аз дзюдочии ҷопонӣ — Татсуру Саито мағлуб шуд.

Бояд гуфт, ки Темур Раҳимов нахустин варзишгари тоҷик аст, ки дар мусобиқаи «Masters» соҳиби медал гардид.

АКС: ТВ Варзиш/КМО

Декабрь 23, 2022 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд