Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла шуғли қадимтарини тоҷикон ба шумор меравад

Декабрь 4, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 04.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Директори Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Сафар Шарифов иброз намуд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим ба кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ таваҷҷуҳи хос дошт. Парвариши кирмаку тут, рӯёнидани пиллаи хушсифат на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати нигоҳ доштани фарҳанги кирмакпарварӣ ҳам муҳим аст. Агар ба фарҳанги кирмакпарварии мардум назар афканем, дар шинохти баргҳои дарахти тут, бемориҳои кирмак, тарзи буридани навдаҳо, тайёр кардани барг барои кирмак, бастани даста ва ғайра донишҳои мардумӣ ва фолклори бузург ба вуҷуд омадаанд.

Ба гуфти Сафар Шарифов, “коркарди пилла соҳаи афзалиятноки саноати мамлакат ба ҳисоб рафта, афзалиятнокии он ба дастрас будани ашёи хоми дохилӣ, хусусияти меҳнатталабӣ, ки ба ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ мусоидат мекунад, вобаста аст. Аз ҷониби Маркази мо солҳои охир ду навъи дурагаи кирмак- «Хуҷанд-1» ва «Хуҷанд-2» офарида ва минтақабоб гардидаанд”.

Бояд гуфт, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 намудҳои фаъолияти пиллапарварӣ, пиллакашӣ, пиллапазӣ ва пилларесӣ аз тамоми намуди андозҳо озод карда шудаанд. Ин ба ҳавасмандгардонии пиллапарварон ва зиёд гардидани ҳа ҷми истеҳсоли пилла мусоидат менамояд.

Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон аз 21 декабри соли 2021 иброз намуданд, ки «ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки ба таъсиси ҳазорон ҷойи нави кор, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷударо таъмин намоянд».

Пешвои миллат ҳамзамон чунин супориш доданд: «Замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».

Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ҷиҳати иҷрои банди 26 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат 14 октябри соли 2019 баён доштанд, таҳия шудааст.

Мақсади асосии барномаи мазкур- фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузори ҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» ҳамасола воридоти тухми кирмак аз пардохт аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2022 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд, бо андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ карда намешаванд. Тибқи ин қонун аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2031 шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз он истеҳсолшаванда машғуланд, аз рўи ин намуди фаъолият андозбандӣ карда намешаванд, ба истиснои андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ.

Сарвари давлат вобаста ба рушди соҳаи пиллапарварӣ, шоҳиву атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҳазорон ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону бонувони мамлакат супориш доданд, ки тамоми имконияти мавҷударо барои рушди ин соҳа таъмин намоянд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 4, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ба оилаҳои ниёзманд кумак расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба обҳои партов ва нӯшокӣ тренинги омӯзишӣ доир гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Модар занону духтарони фаъол ҳавасманд гардонида шуданд
Оид ба нақши занон дар рушди фарҳангу санъати тасвирӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
SuperApp-и маъруф боз ҳам мувофиқтар гардид
Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон оид ба саҳми занон дар рушди энергетика ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мулоқоти кормандони сохторҳои масъул бо мусофирон баргузор шуд
Дар намоиш-фурӯши китоб бахшида ба Рӯзи Модар 12 000 нусха китоб пешниҳод гардид
Ба Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нусха китоби «Ислом ва экология» тақдим гардид
Дар шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд