КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. ЮНИСЕФ тавассути гӯшаи махсуси «воқеияти маҷозӣ» табиати нодири Тоҷикистон ва захираҳои оби онро ба ҷомеаи ҷаҳон нишон медиҳад

Декабрь 18, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 18.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 1 миллиарду 420 миллион нафар, алалхусус 450 миллион кӯдак дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки бинобар камбуди об хеле осебпазиранд. Ин маънои онро дорад, ки аз ҳар панҷ нафар як кӯдак дар ҷаҳон барои қонеъ кардани ниёзҳои ҳаррӯза аз дастрас набудани оби кофӣ танқисӣ мекашад. Ҳамин аст, ки дар чаҳорчӯби Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 6 форуми панели мавзӯӣ ва интерактивӣ доир гардиданд.

Яке аз онҳо «Форуми об барои ҷавонон ва кӯдакон» аст, ки аз ҷониби ЮНИСЕФ кори худро бомуваффақият анҷом дод.

Вобаста ба омодагиҳои Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ ба Конфронси оби СММ-2023 хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа БАҲРОМЗОДА бо мутахассис  оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Амар ОРАКЗАЙ суҳбат намуд

АМИТ «Ховар»: — Муҳтарам Амар Оракзай, сараввал мехостем андешаи Шуморо доир ба муҳимияти баргузории Конфронси оби СММ-2023 бифаҳмем.

Амар Оракзай: — Конфронси оби СММ-2023 баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 буда, барои арзёбӣ намудани пешрафт дар самти амал ва уҳдадориҳо чорабинии муҳим хоҳад буд. Чунин конфронс дар мавзӯи об дар сатҳи баланд охирон маротиба соли 1977 дар Мардел-Платаи Аргентина доир гардида буд, ки аҳамияти зиёд доштани Конфронси оби СММ-2023-ро нишон медиҳад. Мақсади конфронси мазкур- ба ҳам овардани сиёсатмадорон аз тамоми гӯшаҳои дунё ҷиҳати водор намудани онҳо ба ҳадафҳои мушаххас ва андешаронӣ атрофи афзалият, сиёсатҳои миллӣ ва уҳдадориҳои миллӣ, буҷетҳои миллӣ ва нақшаҳову уҳдадориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии онҳо  мебошад.

Конфронси оби СММ — 2023 ҳамчунин барои пешсафони ҷавон имконият фароҳам меорад, то ки онҳо тавонанд дар муҳокимаҳои стратегӣ  иштирок намоянд. Ин барои бахши хусусӣ низ имконият фароҳам меорад, то ҳамчун яке аз ҷонибҳои манфиатдор дар масъалаҳои об ширкат варзанд. Доир гардидани конфронси мазкур баъд аз муҳлати тӯлонӣ нишон медиҳад, ки мавзӯи об дар саросари ҷаҳон аҳамияти зиёд пайдо намуда истодааст. Бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо об мушкилӣ надорад, аммо  кишварҳое  дар ҷаҳон ҳастанд, ки онҳо аз норасоии об танқисӣ мекашанд  ва дар ин масъала мушкилӣ доранд. Ҳадафи Конфронси оби СММ-2023, пеш аз ҳама, ба ҳам овардани сиёсатмадорон аз кишварҳои ҷаҳон оид ба масъалаи об ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба он мебошад.

АМИТ «Ховар»: — Нақши ЮНИСЕФ-ро дар амалигардонии Ҳадафи 6-уми рушди устувор чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Амар Оракзай: — Нақши ЮНИСЕФ дар таҳкими ҳукуматҳо барои ноил гардидан ба бандҳои 1-ум ва 2-юми  Ҳадафи 6-уми рушди устувор хеле муҳим мебошад. Банди 1-уми Ҳадафи 6-уми рушди устувор- ин таъминоти бехатари об ва банди дуюми ҳадафи мазкур- нигоҳдории бехтари беҳдошт ва об, аз ҷумла гигиена мебошад. Вақте мо дар бораи бехатар нигоҳ доштани об ва ё банди 1-уми Ҳадафи 6-уми рушди устувор сухан мегӯем, манзури мо 3 талаботи асосист. Якум, обе, ки ифлос нашудааст, яъне оби аз ифлосиҳои биологиву кимиёвӣ озод, дуввум обе, ки 24 соат дар 7 рӯз таъмин аст ва саввум обе, ки дар дохили манзил дастрас аст. Танҳо дар сурати қонеъ гардонидани ҳамин 3 талабот мо метавонем гӯем, ки мо ба банди 1-уми Ҳадафи 6-уми рушди устувор расидаем. Нисбат ба банди 2-юми Ҳадафи 6-уми рушди устувор, яъне нигоҳдории бехатари беҳдошт ва об, аз ҷумла гигиена ҳаминро мегӯем, ки ҳар хонавода бояд ҳоҷатхонаи алоҳида дошта бошад, яъне як ҳоҷатхона барои чанд хонавода набошад ва ифлосие, ки аз он ҷо мебарояд, бояд роҳи бехатари баромадан дошта бошад.

Барои ноил гардидан ба бандҳои 1-ум ва 2-юми Ҳадафи 6-уми рушди устувор ва таъмин намудани чунин шароит ЮНИСЕФ тавассути ҷамъоварӣ намудани маълумоти муфид  оид ба фарогирии аҳолӣ ва муайян намудани миқдори аҳолие, ки бо чунин хизматрасониҳо фаро гирифта нашудаанд, такмил додани ҷамъоварии даромад ва пардохт барои истифодаи чунин хизматрасониҳо, баррасӣ ва такмил додани ҳуҷҷатҳои меърӣ-ҳуқуқӣ, такмил додани маблағгузорӣ тавассути баррасиҳои ҳамаҷониба талошҳои худро идома дода истодааст.

АМИТ «Ховар»: — Нақши кӯдакон ва ҷавонон то кадом андоза дар амалигардонии Ҳадафи 6-уми рушди устувор ва иштирок дар Конфронси оби СММ-2023 муҳим аст?

Амар Оракзай: — Чуноне ки ҳамаи мо медонем, ЮНИСЕФ як ташкилоте мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи он кўдакон қарор доранд ва барои дастгирии ҳукуматҳо ҷиҳати такмил додани ҳолати обтаъминкунӣ ва беҳдошт, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи глобалӣ дорад. Кўдакон ва наврасон пешсафони ояндаи мо мебошанд ва ЮНИСЕФ кор бо онҳоро дар мадди аввал мегузорад, бо ин қишри ҷомеа ҳамкории зич дошта, ба онҳо сармоягузорӣ низ мекунад, то онҳо тавонанд сатҳи огоҳии зарурӣ пайдо карда, садои худро ба дигарон расонанд.

ЮНИСЕФ  нақша дорад, ки давоми Форуми кўдакон ва ҷавонон, ки дар Конфронси дуюми оби Душанбе  баргузор шуда буд, фаъолияти худро идома диҳад. Бояд инро низ зикр намоям, ки Конфронси дуюми оби Душанбе исбот намуд, ки ЮНИСЕФ метавонад кўдакону ҷавонони кишварҳои гуногунро ҷамъ намояд. Конфронси оби СММ-2023, ки дар шаҳри Ню-Йорк доир мегардад, боз ҳам дар сатҳи баландтар баргузор гардида, дар он намояндагон аз кишварҳои бештари ҷаҳон хоҳанд буд ва ЮНИСЕФ низ дар ин самт бо ҳукуматҳои кишварҳо ҳамкории зич дорад. Дар Конфронси  оби СММ-2023  ЮНИСЕФ дастгирии худро дар самти фарогирии кўдакон ба платформаҳои сатҳи баланд, ки дар он ҷо онҳо фикру нақшаҳои худро баён карда тавонанд, пешниҳод менамояд.

АМИТ «Ховар»: — То баргузории Конфронси оби СММ-2023 ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон кадом чорабиниҳои ҳавасмандгардониро доир менамояд?

Амар Оракзай:  — ЮНИСЕФ нақша дорад, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кумаки заруриро ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2023 расонад. Кумаки мазкур метавонад дастгирии техникӣ, пешниҳод намудани дастурҳо, омода намудани мавод ва иштирокчиён, ҳамчунин ташкил намудани ягон барнома бошад, дар сурате ки агар аз шаҳри Ню-Йорк- макони баргузории Конфронси оби СММ-2023 чунин дархост ворид шавад.

ЮНИСЕФ ҳамчунин дар нақша дорад, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати намоиш додани гӯшаи махсус тавассути «воқеияти маҷозӣ» дар шаҳри Ню-Йорк кумак расонад. Чунин намоиш, ки дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об (6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе) дар як гӯшаи алоҳида таҳти унвони «Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об» доир гардида буд, дар нақша аст дар Конфронси оби СММ-2023 боз дар шакли нисбатан васеъ пешниҳод гардад. Ҳадафи ин намоиш, пеш аз ҳама, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани захираҳои оби Тоҷикистон ва истифодаву идоракунии онҳо мебошад. Дар гӯшаи мазкур мо ҳамчунин таъсири тағйирёбии иқлим, бахусус пайомадҳои манфии он ба захираҳои оби Тоҷикистонро низ намоиш дода, мехоҳем таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ин масъала ҷалб намоем.

Бояд зикр намуд, ки ҳарчанд дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об мо аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон намояндагони зиёд доштем, аммо дар шаҳри Ню-Йорк интизор меравад, ки теъдоди намояндагон на танҳо аз ҷиҳати шумора, балки аз рӯйи мақоми ишғолнамуда дар сатҳи роҳбарону сиёсатмадорони пешсаф низ бештар бошад. Маҳз ҳаминро ба назар гирифта, ЮНИСЕФ кӯшиш мекунад тавассути роҳандозии гӯшаи махсуси «воқеияти маҷозӣ» табиати нодири Тоҷикистон ва захираҳои онро ба теъдоди бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад. Нақшаи дигари ЮНИСЕФ дар Конфронси оби СММ-2023- ин доир намудани чорабиниҳои махсус бо иштироки кӯдакону наврасон дар шаҳри Ню-Йорк ва ҳамроҳ намудани ин чорабиниҳо ба қатъномаи ниҳоии конфронси мазкур аст.

АМИТ «Ховар»: — Оё намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ягон конфронси маҷозӣ ва вохӯриҳоро дар арафаи Конфронси оби СММ-2023 доир менамояд?

Амар Оракзай: — Дафтари марказии ЮНИСЕФ дар шаҳри Ню-Йорк якчанд вебинарҳо баргузор хоҳад кард, ки ҳадафи онҳо огоҳ намудани иштирокчиён аз Конфронси оби СММ-2023 ва дарки беҳтари сохтор ва иштироки гурӯҳҳои мухталиф дар конфронси мазкур хоҳад буд, то онҳо тавонанд дар ин ҳамоиши сатҳи баланд иштироки фаъол дошта бошанд.  Инчунин намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки бо ҷавонон кор карда, барои омода намудани 2-3 нафар намояндаи ҷавон барои шомил шудан ба ҳайати расмии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Тафсилоти бештар доир ба чорабиниҳои мазкур дар айни замон дастрас набуда, интизор меравад, ки рӯзномаи вохӯриҳо то охири моҳи декабр омода гардад. Феълан вохӯриҳои гуногун дар сатҳи дафтари кории ЮНИСЕФ ва шарикони ҳукуматӣ дар Ню-Йорк доир гардида истода, онҳо низ якчанд фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуда истодаанд. Интизор дорем, ки то охири моҳи декабр мо аллакай метавонем як ҳуҷҷат дар дасти худ дошта бошем.

АМИТ «Ховар»: — Анҷом додани кадом корҳоро намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар Конфронси оби СММ-2023 дар нақша дорад?

Амар Оракзай: — Манзури ЮНИСЕФ чунин аст, ки мо арзиши иловакардаи худро тавассути тарғибу ташвиқ дар сатҳи глобалӣ, минтақавӣ ва миллӣ дар байни ҷонибҳо ва ҳукуматҳои манфиатдор мебинем. Инчунин мо ба корҳои байнисоҳавӣ барои ба даст овардани уҳдадориҳо ҳам хеле диққати ҷиддӣ медиҳем ва кўшиш мекунем, ки ин уҳдадориҳо тавонанд дар оянда дастрасиро ба хизматрасониҳо зиёд намоянд. Ҳадафи баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасонӣ- ин таъмин намудани фарогирии умумӣ ва дастгирии кўдакону ҷавонон мебошад.

Кўдакону ҷавонон барои мо- нафарони асосӣ барои татбиқ намудани дигаргуниҳо буда, яке аз баҳрагирандагони барномаҳои обтаъминкунии санитария ва беҳдошт мебошанд. ЮНИСЕФ  ният дорад, ки ба ин ҳадафҳо тавассути ҷалби роҳбарияти давлатҳо ноил гардад. Илова бар ин ЮНИСЕФ метавонад фарогирӣ ва фазои заруриро барои муҳокимаи мушкилот ва пайдо намудани роҳҳои ҳал таъмин намояд. Чунин амалро ЮНИСЕФ имкон дорад тавассути ҷалби бахши хусусӣ ҳамчун яке аз ҷонибҳои манфиатдори асосӣ роҳандозӣ намояд.

Бояд зикр намоем, ки бахши хусусӣ то ҳоло иштироки сатҳи паст дошта, аз иштироки онҳо бахусус дар бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошт ба таври зарурӣ истифода нашудааст. Агар мухтасар гўем, ЮНИСЕФ дар се самт ба Конфрнси оби СММ-2023 кумак хоҳад расонд. Якум, дастгирӣ барои расонидани кумаки техникӣ, дуюм- ҷалби иштироки кўдакон дар конфронси мазкур ва саввум- ҷалби бахши хусусӣ барои иштироки мақсаднок дар ин конфронс.

АМИТ «Ховар»: — Ташаккури зиёд барои суҳбат!

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ