МАРҲАБО БА БАЗМГОҲ! Шоми имрӯз дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 31.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 31 декабр, соати 20:30 дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ интизор аст. Баъди тамошои барномаи ҷолибу диданӣ дар майдони «Истиқлол» ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ ШОҲИЁН хабар дод.
Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуда, барои сокинону меҳмонони пойтахт дар ин макон 22 адад дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, армуғонҳо, туҳфаҳо ва хӯрокҳои тезтайёр гузошта шудаанд.
ДАР АКС: арчаи асосии солинавии Тоҷикистон дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе. Акс: Дидор САЪДУЛЛОЕВ








Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад






