Миҷгона Самадова дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс медали тилло ба даст овард

Декабрь 10, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона  Самадова дар  Ҷоми ҷаҳони 19 – умин оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Россия  медали тилло ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Миҷгона  Самадова дар вазни то 57 кг қувваозмоӣ намуда, то ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар финал варзишгари тоҷик мизбони мусобиқа — Евгения Лочкановаро мағлуб кард.

Ҷоми ҷаҳони 19 — умини бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар  Россия 5 декабр  оғоз шуда, то 11 декабр  идома мекунад. Дар мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён доранд.

Ёдовар мешавем, ки Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки пайиҳам ба гирифтани медали тиллои Ҷоми ҷаҳон даст меёбад. Соли гузашта низ дар ин мусобиқа муштзанбонуи тоҷик мақоми аввалро ба даст оварда буд.

АКС: ugramegasport.ru

Декабрь 10, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид