Миҷгона Самадова дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс медали тилло ба даст овард
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзанбонуи тоҷик Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳони 19 – умин оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Россия медали тилло ба даст овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг қувваозмоӣ намуда, то ба даври финалӣ роҳ ёфт. Дар финал варзишгари тоҷик мизбони мусобиқа — Евгения Лочкановаро мағлуб кард.
Ҷоми ҷаҳони 19 — умини бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт дар Россия 5 декабр оғоз шуда, то 11 декабр идома мекунад. Дар мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён доранд.
Ёдовар мешавем, ки Миҷгона Самадова соли дуюм аст, ки пайиҳам ба гирифтани медали тиллои Ҷоми ҷаҳон даст меёбад. Соли гузашта низ дар ин мусобиқа муштзанбонуи тоҷик мақоми аввалро ба даст оварда буд.
АКС: ugramegasport.ru








Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад






