Миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Декабрь 16, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/.  15 декабр дар шаҳри Душанбе Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур хабар медиҳад.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар  самти мубориза бо коррупсия баррасӣ шуда, ҷонибҳо мулоқоти имрӯзаро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар ин замина бо мақсади татбиқ, нигоҳдорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни баимзорасонии созишномаи мазкур ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти марбута минбаъд ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат мусоидат намуда, ба тақвият бахшидани неруҳои бар зидди коррупсия муборизабаранда таъсири мусбат мерасонад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Декабрь 16, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд