Миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар шаҳри Душанбе Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур хабар медиҳад.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар самти мубориза бо коррупсия баррасӣ шуда, ҷонибҳо мулоқоти имрӯзаро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ назаррас арзёбӣ намуданд.
Дар ин замина бо мақсади татбиқ, нигоҳдорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зимни баимзорасонии созишномаи мазкур ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти марбута минбаъд ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат мусоидат намуда, ба тақвият бахшидани неруҳои бар зидди коррупсия муборизабаранда таъсири мусбат мерасонад.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






