Ғолибони давраи сеюми иқдоми «Бурди афсонавӣ»-и Бонки Эсхата муайян гардиданд

Декабрь 15, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи даври сеюми иқдоми «Бурди афсонавӣ»-и Бонки Эсхата   ҷамъбаст гардада, ғолибони роҳхатҳо муайян шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонк хабар доданд.

 «Дар айни ҳол мо метавонем танҳо рақами купонҳои бурднокро нашр кунем. Номи ғолибон пас аз натиҷаи маросими ҷоизасупорӣ ва бо иҷозати ғолибон дар нашрияҳои навбатӣ эълон хоҳад шуд», — таъкид намуданд дар Бонки Эсхата.

Ба иттиллои манбаъ, рақамҳои зерин — 1102425, ш. Душанбе, 2102210, ш. Хуҷанд ва 3114552, ш. Панҷакент роҳхатро ба Дубай бурд кардаанд.

Соҳиби iPhone 13 Pro Max аз ҳама фаъолтарин иштирокчии аксия – мизоҷи Идораи амалиётии Бонки Эсхата дар ш. Хуҷанд гардид, ки  моҳи ноябр шумораи бештари купонҳоро ба даст овардааст.

Ғолибон тавассути интихоби тасодуфӣ дар ҳузури комиссияи махсус таъсис дода шуда, интихоб гардиданд.

Дар бонк зикр намуданд, ки иқдом давом дорад. Даври чорум, яъне даври финалии иқдом дар пеш аст, ки дар он низ бурди 3 саёҳат барои ду нафар ба Дубай ва  ҳавасмандгардонии иштирокчии фаъол бо iPhone 13 Pro Max пешбинӣ шудааст.

«Мизоҷон бояд бо корти VISA-и «Бонки Эсхата» дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба воситаи QR-рамз ва POS терминал пардохт кунанд ё харидро дар интернет-мағозаҳо бо корт ба маблағи на камтар аз 100 сомонӣ пардохт карда, иштирокчии иқдом шаванд. Давоми 3 рӯз пас аз пардохт ба мизоҷ SMS-паёмак бо рақами тартибии иштирокчӣ меояд», — ёдовар шуданд дар Бонк.

АКС: Бонки Эсхата

Декабрь 15, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5863 то 9.6100 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1160 то 0.1189 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0086 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст