«ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмот оғоз гардид

Декабрь 13, 2022 14:54

ДУШАНБЕ, 13.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» оғоз гардид, иттилоъ доданд дар кумитаи мазкур.

Мусобиқа дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир гардида, дар он кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ғолибони даври вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иштирок карда, миёни ҳам рақобат менамоянд.

Мусобиқаи мазкур бо максади рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳандозӣ шуда, ҳаҷми мукофотпулии он 100 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Он 16-17 декабри соли 2022 дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа супорида мешавад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2022 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд