РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ дар шаҳри Париж иштирок дорад

Декабрь 7, 2022 18:04

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 декабри соли 2022 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии кишвар оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши СММ—об оид ба обҳои зеризаминӣ иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯзи аввал, ифтитоҳи Ҳамоиш аз ҷониби раиси ниҳоди СММ-об Жилбер Унгбо сурат гирифта, сипас сухан ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба об, натиҷаҳои Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, ки моҳи июни соли равон дар доираи «Раванди оби Душанбе» баргузор гардид, ва рафти омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 маълумот манзур намуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он беш аз 3700 намояндагони кишвару созмонҳои ҷаҳон, аз ҷумла зиёда аз 120 баромадкунандагони воломақом иштирок мекунанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 7, 2022 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд