РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ дар шаҳри Париж иштирок дорад

Декабрь 7, 2022 18:04

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 декабри соли 2022 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии кишвар оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши СММоб оид ба обҳои зеризаминӣ иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рӯзи аввал, ифтитоҳи Ҳамоиш аз ҷониби раиси ниҳоди СММ-об Жилбер Унгбо сурат гирифта, сипас сухан ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба об, натиҷаҳои Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, ки моҳи июни соли равон дар доираи «Раванди оби Душанбе» баргузор гардид, ва рафти омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 маълумот манзур намуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он беш аз 3700 намояндагони кишвару созмонҳои ҷаҳон, аз ҷумла зиёда аз 120 баромадкунандагони воломақом иштирок мекунанд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 7, 2022 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд