Робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири мухтор ва фавқулодаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 27 апрели соли 1992 барқарор гашта, ташаккул ва рушди ҳамкории дуҷониба бо ин кишвар яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли 30 соли равобити дипломатӣ миёни ниҳодҳои мухталифи ду кишвар 5 созишнома, 8 ёддошти ҳусни тафоҳум ва беш аз 40 санади хурди саноатӣ (созишномаҳои шаҳрвандӣ, барномаҳои ҳамкорӣ, қарордод ва ғайра) ба имзо расидаанд.
Дар таърихи муносибатҳои ду кишвар нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ моҳи апрели соли 2017 дар Сеул, ҷаласаи дуюм 5 октябри соли 2018 дар Душанбе, ҷаласаи сеюми 24-26 июни соли 2019 дар Сеул ва охирин мулоқот 18 октябри соли 2021 дар Душанбе баргузор шуданд.
Зикр шуд, ки ҳамкории хуби сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA-Коика) дар самти барномаҳои рушди захираҳои инсонӣ, равобити техникӣ ва интиқоли технология ба таври назаррас ба роҳ монда шудааст.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки миёни парлумонҳои мо гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ фаъолият доранд ва дар ин самт фаъолиятро бояд ҷоннок кард.
Дар мулоқот ҳамчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Акс: МН МО ҶТ








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






