Роналду муддаии асосиро барои пирӯзӣ дар ЧҶ-2022 дар Қатар ном бурд

Декабрь 13, 2022 12:02

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бораи муддаии асосии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Қатар ибрози назар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Спорт-Экспресс».

«Фикр мекунам, ки Фаронса ҳоло муддаии асосии пирӯзист, чунонки пеш аз оғози мусобиқот гуфта будам. Ва ман инчунин фикр мекунам, ки Мбаппе беҳтарин бозигари ин чемпионати ҷаҳон хоҳад буд», — иқтибос меорад Mirror аз суханҳои Роналду.

Ҳамчунин футболбози португалӣ дар бораи ноком шудани дастаи мунтахаби Англия дар ЧҶ-2022 ҳарф зад.

«Фаромӯш накунед, ки Англия дар бозӣ бар зидди Фаронса футболи хеле хуб нишон дод. Ман фикр мекунам, ки бо онҳо ҳамон чизе рӯй дод, ки Бразилия аз сар гузаронид. Англия хеле хуб бозӣ кард, аммо дар ниҳоят ҳама чиз ба ҷузъиёти хурд бурда расонид, ки оқибат ба натиҷаи бозӣ таъсир расониданд. Аммо англисҳо бояд аз он фахр кунанд, ки онҳо дар чемпионати ҷаҳон чӣ гуна бозӣ кардаанд», — илова кард ҳамлагар.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар даври нимфинали Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дастаҳои мунтахаби миллии Аргентина ва Хорватия 13 декабр ва рӯзи дигар Фаронса бо Марокаш бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 23.59 ба вақти Душанбе баргузор мешаванд. Шумо метавонед бозиҳоро мустақиман аз шабакаҳои телевизионии варзишии Тоҷикистон- «Варзиш» ва «Футбол» тамошо кунед.

АКС: Reuters

Декабрь 13, 2022 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад