ШАБИ ЯЛДО. Дар Тоҷикистон 22 декабр зимистони астрономӣ фаро мерасад

Декабрь 21, 2022 15:59

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷшанбе, 22 декабр дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад. Аз ин лаҳза дарозии соатҳои рӯз зиёд мешавад, гуфт ба АМИТ «Ховар» муовини Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева.

Инқилоби зимистонаи Офтоб ба соати 02:48 ба вақти Душанбе 22 декабр рост меояд. Зимистони астрономӣ оғоз меёбад. Омадани ӯро ориёиёни қадим ҳамчун Шаби Ялдо ҷашн мегирифтанд. Ин идро то ҳол дар Эрон ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки ба наздикӣ Шаби Ялдо ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO ворид карда шуд. («Шаби Ялдо»- дарозтарин шаби аввали моҳи дай, Тавзеҳи АМИТ «Ховар»). Маҳз аз ҳамин шаб дарозшавии соатҳои рӯзона оғоз мешавад», — гуфт Фирӯза Раҳматуллоева.

Муовини Директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фирӯза Раҳматуллоева мегӯяд, ки Офтоб яке аз ситораҳои азимтарин дар коинот буда, дар низоми худ 9 сайёраро идора менамояд. Сайёраи Замин- мавҷудаи тамоми ҳаёти зиндаи мост, ки дар он ҳаёт вуҷуд дорад.

Сайёраи Замин доимо дар харакат аст, ӯ дар атрофи Офтоб ва меҳвари худ давр мезанад. Меҳвари Замин хати хаёлӣ мебошад, ки аз Шимол ба қутби ҷанубӣ кашида шудааст (ҳангоми гардиш онҳо беҳаракат мемонанд) ва нисбат ба ҳамвории Замин кунҷи 66 дараҷаю 33 сонияро ташкил медиҳад. Инсоният лаҳзаи гардишро пайхас карда наметавонад, зеро ҳамаи ҷирмҳо мувозӣ ҳаракат мекунанд ва суръати онҳо ба назар як хел аст.

Як гардиши пурра дар атрофи меҳвар давоми як шабонарӯзи ситоравӣ ба анҷом мерасад, ки аз 23 соату 56 дақиқаю 4 сония иборат аст. Дар ин фосила аввал як тарафи сайёра, баъд тарафи дигари сайёра ба сӯи Офтоб майл карда, аз он ба миқдори гуногун гармӣ ва нур мегирад.

Фирӯза Раҳматуллоева иброз дошт, ки «дар ҳаракати Замин 4 нуқтаи муҳим вуҷуд дорад. 2 нуқтаи онро эъдидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ меноманд, ки 21-22 март ва 22-23 сентябр рух медиҳанд. 2 нуқтаи дигар инқилоби тобистона ва зимистона номида мешаванд, ки 20-21 июн ва 21-22 декабр ба вуқӯъ меоянд».

Ба гуфти ӯ, инқилоби зимистона лаҳзаест, ки Офтоб ба нимкураи шимолӣ аз ҷанубтарин нуқтаи эклиптика ё дар нимкураи ҷанубӣ аз шимолтарин нуқта мегузарад. Таҳқиқи ин маврид нишон медиҳад, ки баландии Офтоб аз рӯзҳои инқилоби зимистона сар карда, яъне баъди 21 декабр то ба инқилоби тобистона рӯз аз рӯз меафзояд ва аз инқилоби тобистона, яъне баъди 21 июн то ба инқилоби зимистона рӯз аз рӯз кам мешавад».

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 21, 2022 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд