Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов дар арафаи Соли нави мелодӣ ба сарбозону афсарон кумаки моддӣ расонид

Декабрь 15, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил», узви Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов  барои 1710 нафар сарбозони Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идонаи солинавӣ орост. Инчунин ба 80 ба оилаҳои афсарон кумаки моддӣ расонида, барои фарзандони онҳо 100 дона туҳфа тақдим кард, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар доираи иқдоми мазкур дар ҳудуди Маркази таълимии «Пойтахт» аз иншооти нав — ошхона барои 1000 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 1000 нафар, ки сохтмони он мутобиқ ба талаботи замони муосир аз тарафи соҳибкори ватанӣ Маҳмудҷон Муродов ҷараён дорад, боздид ба амал оварда шуд.

Дар таҳхонаи бино толори варзишӣ ва дар ошёнаи аввали он ошхона бо ҳуҷраҳои алоҳидаи пухтупаз, сехи нонпазӣ, анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошад. Хобгоҳ дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4 ҷойгир мешавад. Масоҳати зери сохтмони бино 1800 метри мураббаъ ва дар маҷмуъ дар таҳхона ва 4 ошёна масоҳати умумии сохтмон 9000 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Дар бинои ошхона ва хобгоҳ лифти замонавӣ насб шуда, долонҳои барҳаво, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, нуқтаҳои нигаҳдории силоҳ, ҳуҷраҳои маишиву фароғатӣ ва ёрирасон сохта мешаванд.

Дар фарҷом Маҳмудҷон Муродов аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Ҷоми «Сарҳадбони фахрӣ» қадрдонӣ карда шуд.


Ҳамзамон дар идомаи иқдоми мазкур Маҳмудҷон Муродов барои зиёда аз 675 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона ороста, барои фарзандони онҳо 50 дона туҳфаи солинавӣ тақдим намуд.

Барои ғамхории доимӣ ба хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат ба соҳибкор либоси ҳарбӣ тақдим карда шуд.

Инчунин ӯ дар Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 1100 нафар дастархони идона орост ва ба 100 нафар оилаҳои афсарон кумаки моддӣ расонид.


Инчунин барои кӯдакони афсарон 100 дона туҳфаи солинавӣ тақдим намуд.

Барои ғамхории доимӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат Маҳмудҷон Муродов аз ҷониби Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал Исмон Шокирзода бо Сипоснома ва медали 25-солагии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ сарфароз гардонида шуд.


Иттилоъ дода шуд, ки 3 хобгоҳи афсарону сарбозони ин қисми низомӣ пурра бо неруи гармӣ таъмин карда мешавад. Ин амал бо ташкили маркази мустақили гармидиҳӣ дар дохили қисми низомӣ амалӣ мегардад.

Соҳибкор тасмим дорад, ки тадбирҳои сохтмониву васлгариро дар асоси нақшаи мукаммал ба роҳ монад ва низоми муосиру бехатари гармидиҳиро тавассути дегхонаи гармидиҳии дохилӣ роҳандозӣ намояд

Дар ин баробар шароити толори варзишии қисми низомӣ низ беҳтар карда мешавад.

Зимнан сарбозони фаъоли Бригада, ки ба варзиш машғул ҳастанду дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ширкат менамоянд, аз ҷониби соҳибкор бо либосҳои варзишӣ, аз ҷумла 40 адад барои муштзанон ва 40 адад барои дзюдочиён, пурра таъмин гардиданд.

Рустам ҶАМИЛЗОДА,
Тоҳир САИДЗОДА (АКС),
АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»