СОЛИ 2023 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон

Декабрь 30, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 30.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли ду ҳазору бисту се дар тақвими шарқӣ Соли харгӯш аст.

Ин соли 2023-юми давраи мо, соли 23-юми ҳазорсолаи сеюм, соли 23-юми асри XXI, соли сеюми даҳаи 3-юми асри XXI мебошад.

Соли 2023 сокинони Тоҷикистонро кадом навгониҳо интизоранд?

Дар ин бора — дар матлаби омодакардаи хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Дар Ҳукумат

Моҳи январ дар Душанбе ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нав баргузор мешавад, ки дар он натиҷаҳои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2022 ҷамъбаст ва вазифаҳои асосии соли 2023 муайян хоҳанд шуд.

Дар шаҳри Душанбе

Соли 2023 биноҳои нави Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳоло сохтмонашон дар маркази шаҳри Душанбе бомаром идома дорад, ба истифода дода мешаванд.

***

Соли 2023 дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила 4 корхонаи истеҳсолу коркард ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани металлҳои қиматбаҳо бунёд мегарданд.

***

Моҳи апрели соли 2023 дар арафаи Рӯзи пойтахт ғолибони Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ муайян мегарданд.

***

Соли 2023 дар Душанбе 6 меҳмонхонаи замонавӣ ифтитоҳ меёбанд.

Буҷет

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 қабул карда шуд. Тибқи он даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Шурӯъ аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад;

– аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад;

— аз 1 июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда мешавад;

– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда мешаванд;

Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда мешаванд.

Ҳамзамон аз 1 июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо дар назар аст.

***

Аз 1 январи соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 68 сомонӣ муқаррар карда шавад.

Дар соҳаи иқтисод

Соли 2023 суръати рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин ва дар ин замина дар ин сол даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад.

***

Таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё (БРАО) афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар нақшаи заминавӣ дар соли 2023 пас аз 7,5%-и соли равон 6,5% пешгӯӣ мекунанд, ки миёни кишварҳои узви ин ниҳоди молӣ баландтарин хоҳад буд.

***

Лоиҳаи «Барномаи рушди савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳия мегардад.

***

Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024 нақшаи чорабиниҳо ба имзо расониданд.

***

Шурӯъ аз соли 2023 то соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Андозбандӣ

Соли 2023 Махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ таъсис ёфта, аз 1 июли ин сол пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

***

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини қисми буҷети давлатӣ дар соли 2023, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, васеътар ва дастрас намудани хизматрасониҳои давлатии андоз дар шакли электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Дар соҳаи саноат

Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2023 содироти сементро ба 1,9 млн тонна расонад.

***

Соли 2023 дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба кор андохта мешавад.

Сиёсати хориҷӣ

Соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро бо беш аз 6 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон (7 январи соли 1993), Ҷумҳурии Қирғизистон (14 январи соли 1993), Ҷумҳурии Молдова (26 январи соли 1993), Туркманистон (27 январи соли 1993), Ҷумҳурии Словакия (4 феврали соли 1993) ва Ҷумҳурии Арабии Миср (1 апрели соли 1993) таҷлил мекунад.

***

22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд Конфронси оби СММ-2023 доир мегардад. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

***

14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Вохўрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегарданд.

***

Форуми навбатии Тоҷикистону Олмон дар нимаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

***

Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023» ширкат мекунад.

***

Дабири кулли нави Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аз 1 январи соли оянда Имангали Тасмагамбетов таъйин мешавад.

***

Соли 2023 Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон барои солҳои 2023-2025 мавриди амал қарор мегирад.

Дар соҳаи энергетика

Охири соли 2023 ба истифода додани агрегати якуми НБО-и «Себзор», ки бо иқтидори 11 мВт бунёд мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

***

Соли 2023 Вазорати энергетика ва захираҳои об якҷо бо ширкату корхонаҳои соҳа таъсис додани низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ, насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ ва ба ин васила то охири соли 2025 то сатҳи 9 фоиз паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳаро ба роҳ мемонад.

***

Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» оғоз мегардад.

Дар соҳаи сайёҳӣ

Соли 2023 Намоишгоҳи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ дар Қазоқистон доир шуда, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарфияти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ менамояд.

***

Соли 2023 Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (ITB Berlin) дар Олмон доир шуда, Тоҷикистон низ дар он иштирок мекунад.

***

Баргузор намудани намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон дар чор фасли сол (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада)

***

Муаррифии бренди миллӣ бо истифода аз воситаҳои маркетингӣ, аз ҷумла тарғибу ташвиқ (минбаъд PR) — тавассути реклама, маводи таблиғотии аудиовизуалӣ ва чопӣ, аз ҷумла дар шабакаҳои телевизионии ҷаҳонӣ

***

Баргузор намудани конфронсҳои минтақавии сайёҳӣ.

Дар ҳаёти занон ва оила

Соли 2023 “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030” дар амал татбиқ мешавад.

***

Соли 2023 татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 идома меёбад.

***

Соли 2023 татбиқи «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ба анҷом мерасад.

Дар соҳаи нақлиёт

Соли 2023 татбиқи 5 лоиҳа, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Левакант – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз мегардад.

***

Соли 2023 дар Тоҷикистон «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» роҳандозӣ мегардад.

Дар соҳаи амният

Соли 2023 роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Остона барномаи мукаммали мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2023-2025-ро тасдиқ мекунанд.

***

Соли 2023 дар Россия машқҳои муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) «Миссияи сулҳ — 2023» баргузор мешаванд.

***

Нишасти навбатии сарони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар семоҳаи чоруми соли 2023 дар Минск баргузор мешавад.

Дар соҳаи омор

Соли 2023 натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 бо дарназардошти коркарди сканерии мавод дар 11 ҷилд тибқи нақша ҷамъбаст карда шуда, дастраси истифодабарандагон гардонида мешаванд.

Дар бахши содирот

Минтақаҳои Россия ба интиқоли маҳсулоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон тамоми сол манфиатдор мебошанд, аз ин рӯ, ширкати «Роҳҳои оҳани Россия» тахфифи интиқол аз Тоҷикистонро барои соли 2023 тамдид кард. Дар ин бора агентии иттилоотии «РЖД-Партнер.ру» 22 декабр бо истинод ба ширкати роҳи оҳан хабар дод.

«Раёсати ҶСК «Роҳҳои оҳани Россия» тахфифҳои ҷорӣ барои ҳамлу нақли як қатор борҳоро барои соли оянда тамдид кард. Аз ҷумла, 50% тахфифи воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон барои соли 2023 тамдид карда мешавад», — омадааст дар иттилоия.

***

Соли 2023 дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд» баргузор мешавад.

***

Бо мақсади афзоиш додани ҳаҷм ва рақобатпазирии маҳсулоти содирот соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор мешавад.

***

Соли 2023 ҷиҳати диверсификатсияи маҳсулоти содиротӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои нави тиҷоратӣ бо намояндагони бахши хусусӣ, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати омодагӣ ба содироти маҳсулоти ватанӣ ҷаласаҳои соҳавӣ доир мешаванд.

Дар бахши аудит

Аз 5 то 9 феврали соли 2023 дар Ҳиндустон вохӯрии 6-уми роҳбарони ниҳоди олии аудити давлатҳои узви СҲШ баргузор мешавад.

***

9-12 марти соли 2023 ташрифи роҳбари мақоми олии аудити Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ва дар ҳошияи сафар ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар назар аст.

Авиатсияи гражданӣ

Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Лоиҳаи кушодани хати ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин пурра ба анҷом мерасад.

***

Қазоқистон ба нақша гирифтааст, ки соли 2023 ба самти Душанбе хатсайри нав ба роҳ монад.

Дар самти тадқиқоти стратегӣ

Соли 2023 бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир мешавад.

Дар соҳаи адлия

Соли 2023 Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён Раиси Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардида, ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар самти пешгирии ҷинояткорӣ

Соли 2023 Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 идома меёбад.

***

Соли 2023 татбиқи Лоиҳаи байнидавлатии барномаҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 ба анҷом мерасад.

Дар соҳаи тандурустӣ

Соли 2023 ҳолати фавқулода, ки аз соли 2020 бинобар бемории COVID-19 дар самти тандурустии ҷомеа ҷорӣ буда, аҳамияти ҷаҳонӣ (PHEIC) дошт, ба охир мерасад,- изҳори умедворӣ намудааст Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус.

Дар соҳаи алоқа

Соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод мегардад.

Дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2025» шурўъ мегардад, ки дар он афзалияти муайяншудаи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул барои давраи то соли 2040» ба инобат гирифта мешавад.

***

Аз соли 2023 то соли 2026 дар Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони аз 18-сола боло соҳибкасб гардонида мешаванд.

Дар соҳаи кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2023», ки моҳи январ дар Олмон доир мешавад, иштирок мекунад.

***

Намояндагони вилояти Хатлон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «Экспо-2023», ки соли 2023 дар шаҳри Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия доир мегардад, иштирок мекунанд.

***

Соли 2023 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон чор ид- Меҳргон, Тиргон, Наврӯз ва Сада таҷлил мешаванд.

***

Соли 2023 дар Тоҷикистон Фестивали картошка ва биринҷ, Иди асал, себ, тарбузу харбуза, инунин Фестивали чорвои зотӣ доир мешаванд.

***

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 ният дорад, ки истеҳсоли картошкаро ба 1 миллиону 170 ҳазор тонна расонад.

Дар соҳаи идораи замин ва геодезӣ

Дар соли 2023 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди якчанд биноҳои нави маъмурӣ, асосан дар ноҳияи дурдаст ва кӯҳистон барои кормандони кумитаҳои идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар маҳал ба нақша гирифта шудааст.

***

Соли 2023 татбиқи лоиҳаи «Бунёди системаи координатаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо ширкати «GEOTWO»-и Ҷумҳурии Корея аз ҷониби Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ оғоз мешавад.

***

Соли 2023 «Низоми иттилотии замин ва зерсохтории иттилотии маконии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис меёбад.

***

Соли 2023 корҳо ҷиҳати таъсиси геопортали Мушоҳидаи фосилавии Замин (ИПД) бо ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионӣ идома меёбанд.

Дар соҳаи ҳифзи табиат

Саъба парандаи соли 2023 дар Тоҷикистон эълон гардид. Саъба парандаи зебои афсонавӣ ва миёни мардум машҳур буда, яке аз мурғони хушхон ва писандидаи дӯстдорони табиат мебошад.

Саъба парандаи бисёр хушхон буда, ҳар гуна овозҳоро такрор мекунад ва чӯҷаҳояшро хеле дӯст медорад. Айёми ғизодиҳии чӯҷаҳо рўзе то 200 маротиба ба лонааш парвоз мекунад. Саъба то 100 грамм вазн дошта, дар дигар мамлакатҳо, билхоса дар Африқо, Чин ва Ҳиндустон низ хеле зиёд паҳн шудааст.

Дар Тоҷикистон саъба дар нишебиҳои кӯҳҳо, дар ҷойҳое, ки дарахту буттаҳо зич месабзанд, дида мешавад. Саъба парандаи манфиатовар аст. Вай тухми алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасонро нест мекунад.

Дар соҳаи илм

Соли 2023 технологияи коркарди маъданҳои сурмаю тиллодор дар кони Паҳндара таҳия шуда, лоиҳаи харитаи нави микроноҳиябандии сейсмикии ҳудуди шаҳри Душанбе барои истифода дар лоиҳакашӣ пешниҳод мешавад.

***

Соли 2023 Феҳристи (атласи) пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 ҷилд бо истифодаи технологияҳои инноватсионии геоиттилоотӣ барои ба даст овардани маълумоти васеъ ва пурра оид ба омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.

***

Соли 2023 ҷилди дуюми Атласи растаниҳои шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мешавад.

***

25-26 августи соли 2023 дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

***

Аз моҳи июл то августи соли 2023 экспедитсияи илмии Помир-2023 баргузор мешавад.

***

Лоиҳаи Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқоти ҳастаии «Аргус-ФТИ» барои солҳои 2023-2027 ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст.

***

Соли 2023 дар асоси ҳамкорӣ аз ҷониби Коллеҷи илмҳои атмосферӣ ва Маркази инноватсионии амнияти экологии Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии мардумии Чин дар Институти физикаю техникаи Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири таҳқиқи атмосферии навъи «Лидар» насб мешавад.

Дар соҳаи маориф

Соли 2023 дар ИДМ Соли забони русӣ эълон шудааст.

***

Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» баргузор карда мешавад.

***

Бонки исломии рушд соли 2023 барои рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон 9,5 миллион доллар ҷудо намудааст.

***

Соли 2023 марҳилаи якуми амалишавии Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

***

Тибқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2023» таҳия ва нашри 44 номгӯй китоби дарсӣ аз синфи 1 то 11 дар назар дошта шудааст.

Дар соҳаи фарҳанг

Соли 2023 дар Тоҷикистон омӯзиш ва таҳияи нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ мегардад.

***

Соли 2023 «Барномаи давлатии рушди театри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» амалӣ мегардад.

***

Соли 2023 дар назар аст, ки номинаи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардад.

Дар соҳаи адабӣ

Соли 2023 шабҳои эҷодии шоирони маъруф Аминҷон Шукӯҳӣ, Ҳақназар Ғоиб ва санъатшиноси шинохта Низом Нурҷонов гузаронида мешаванд.

***

Дар соли 2023 ба беҳтарин асарҳои насру назм ва нақди адабӣ ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дода мешаванд.

***

Соли 2023 Муассисаи нашриявии «Ирфон» қариб 20 китоби нав чоп мекунад, аз ҷумла асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бознашр мегардад.

Дар ҳаёти ҷавонон

Аз соли 2023 «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» роҳандозӣ мегардад.

***

Соли 2023 татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» идома меёбад.

Дар соҳаи варзиш

Соли 2023 барои аввал дар таърих дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ «Grand Prix Dushanbe-2023» оид ба дзюдо баргузор мегардад. Дар он иштироки қариб 300 нафар варзишгарон аз зиёда аз 30 кишвар, ки барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубориза мебаранд, дар назар аст. Мусобиқа 2-4 июни соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.

***

Дар Тоҷикистон соли 2023 Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронии слалом баргузор мегардад.

***

Бозиҳои II кишварҳои ИДМ аз 3 то 15 августи соли 2023 дар Беларус аз рӯи 20 намуди варзиш баргузор мегарданд.

***

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи мавҷудият ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт. Қисмати финалии мусобиқот аз 16 июн то 16 июли соли 2023 дар Чин ба нақша гирифта шудааст.

***

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 бозӣ мекунад. Дастаи мунтахаби мо ба гурӯҳи «С» шомил шуд ва бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад.

***

Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки дар мавсими 2022 ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон ва ҳам дар Чемпионати Тоҷикистон ғолиб шуд, дар мавсими соли 2023 дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозӣ хоҳад кард.

***

Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2023 намояндагӣ мекунанд.

***

Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон аз 1 то 18 марти соли 2023 дар Узбекистон баргузор мешавад.

***

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалии «International Thanh Nien Cup», ки аз 6 то 12 январи соли 2023 дар Ветнам баргузор мешавад, ширкат менамояд.

***

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол моҳи сентябри соли 2023 дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола иштирок мекунад.

***

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин соли дуюм пайи ҳам дар Белгради Сербия баргузор хоҳад шуд.

***

Бозиҳои Осиё-2023 аз 23 сентябр то 8 октябр дар Ханчжоуи Чин баргузор мешаванд.

***

Моҳи августи соли 2023 Бозиҳои соҳилии ҷаҳон дар Индонезия баргузор мешаванд.

***

Бозиҳои 6-уми осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ аз 17 то 26 ноябри соли 2023 дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд доир мегарданд.

***

Дар пойтахти Арабистони Саудӣ- шаҳри Риёз Бозиҳои ҷаҳонии размӣ дар соли 2023 доир мегарданд.

***

Дар Тошканд Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2023 баргузор мегардад.

Таҳияи

Назокат ҚОДИРЗОДА,
Елена БАТЕНКОВА,
Шаҳлои САДРИДДИН,
София ШОИК,
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Раъно НУСРАТУЛЛО,
Зарангези ЛАТИФ,
Лайло ТОИРӢ,
Пайрав ҚОСИМ,
Акрамхоҷа АКБАР,
хабарнигорони АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 30, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд