СОЛИ НАВИ БЕХАТАР. Дар шабу рӯзҳои ид қоидаҳои таъмини бехатарӣ аз сӯхторро бояд риоя кард

Декабрь 31, 2022 16:13

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли нави мелодӣ фаро мерасад ва бо наздик шудани он мардум бештар гирди арчаи солинавӣ, ки рамзи ҳамин ҷашн аст, ҷамъ меоянд. Мерақсанд, шӯхиву бозӣ мекунанд, аммо дар баробари шодиву нишот баъзан ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор рух медиҳанд. Аз ин рӯ, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар маросими иди арча фаъолияти хешро боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.

Дар робита ба ин Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ (СХДО) доир ба таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ машварат баргузор намуд.

Сардори СХДО ВКД Бахтиёр Умарзода оид ба ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори муассисаву иншоот, идораву корхонаҳо ва бозору марказҳои калони савдое, ки дар онҳо новобаста аз тадбирҳои андешидаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳанӯз ҳам меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар сатҳи зарурӣ риоя карда намешаванд, сухан гуфта, оид ба сабабу омилҳои асосии ҳодисаҳои сӯхтор давоми солҳои 2021-2022 рухдода ва зарари аз онҳо расида маълумоти муфассал дод.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз баргузории чунин чорабиниҳо- сари вақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва эмин нигоҳ доштани тамоми намуди моликият аз нобудшавӣ дар коми оташ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушду шукуфоии Ватан, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва меҳану миллати худ мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 31, 2022 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд