Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сатҳи пасти гирифторӣ ва фавт аз COVID-ро ба қайд гирифт

Декабрь 9, 2022 11:24

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як ҳафта гирифторӣ ба коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон 3% ва фавт бар асари он 17% коҳиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар бюллетени ҳафтаинаи эпидемиологии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) гуфта мешавад.

Аз 28 ноябр то 4 декабр сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар ҳамаи минтақаҳо, ба истиснои Амрико, ки дар он 14% зиёд гардидааст, коҳиш ёфт. Коҳиши бештари шумораи гирифторон дар Африқо (78%) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (27%) ба қайд гирифта шудааст.

Танҳо дар як ҳафта дар саросари ҷаҳон тақрибан 2,9 миллион ҳолати нави сирояти коронавирус ошкор гардидааст.

Давоми ҳафта теъдоди фавтидагон бар асари COVID-19 танҳо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (3%) каме боло рафта, дар дигар минтақаҳо коҳишёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Коҳиши бештари фавт дар Африқо (83%) ва Баҳри Миёназамини Шарқӣ (33%) мушоҳида гардидааст.

Дар маҷмӯъ, давоми як ҳафта дар саросари ҷаҳон тақрибан 7,8 ҳазор фавт бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар тамоми давраи пандемия дар ҷаҳон беш аз 647,9 миллион ҳолати сирояти коронавирус ва тақрибан 6,6 миллион ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2022 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон