Суди Остона барои тарғиби терроризм ҳукм баровард
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Суди рақами 2-и ноҳияи Байконири шаҳри Остона баҳри дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ намудани терроризм барои 7 сол ҳабс кардан ҳукм баровард, хабар медиҳад «Kazinform» бо истинод ба хадамоти матбуоти суд.
6 декабри соли 2022 аз ҷониби суди №2-и ноҳияи Байконири шаҳри Остона тибқи қисми дуюми моддаи 256-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон «Тарғиби терроризм ё даъвати оммавӣ ба содир намудани амалҳои террористӣ» нисбат ба И. ҳукми айбдоркунанда бароварда шуд.
Ба ӯ барои нашри наворҳои дорои хусусияти мазҳабӣ дар TikTok, ки идеологияи «ҷиҳоди мусаллаҳона»-ро паҳн мекунанд, айб эълон гардид.
Суд дар таъмини И. қарор доштани кӯдаки хурдсолро ҳамчун ҳолати сабуккунандаи масъулият ва ҷазои судшаванда эътироф намуд.
Моддаи мазкур ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 12 сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мекунад.
Суд И.-ро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста, ба муҳлати ҳафт сол аз озодӣ маҳрум кард.
АКС: АБИ «Казинформ»








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






