«Тағйирёбии иқлим. Раванди фоҷиаборе дар пайи муносибати инсон бо табиат», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии Тоҷикистон он рӯйдодҳои муҳиме, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ омадаанд, бозтоб гардидаанд.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи душанбе, 28 ноябр №228 (24 587) суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома Шаҳноз Қурбонро бо муовини Раиси шаҳри Роғун Баҳром Шарифзода доир ба рушди сайёҳии ин минтақа, инчунин зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабарҳои муҳими мамлакатро ба нашр расонидааст.
Дар ин шумора хонандагон имкон доранд, ки таҳти унвонҳои «Модар ҳамеша дӯстдоштанист», «Тағйирёбии иқлим. Раванди фоҷиаборе дар пайи муносибати инсон бо табиат», «Қадамгоҳи устоди муаззам», «Иҷлосияи XVI ва эҳёи асолати миллӣ», «Конфронси байналмилалии «Криосфера ва хатарҳои ба он алоқаманд дар баландкӯҳҳои Осиё дар шароити тағйирёбии иқлим» матолиб ва дар рубрикаи «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» хабарҳои ҷолибро мутолиа намоянд.
Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 29 ноябри соли равон, сешанбе, №148 (4568) маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, нашр намудааст. Дар он «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Инчунин дар ҷараёни он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҷиҳати таъмини саривақтии иҷрои онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон дастуру супоришҳои дигар ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи зимистони солҳои 2022-2023, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти тирамоҳӣ, захираи маҳсулоти хӯрокворию маводи сӯзишворӣ ва дар ҳолати мутобиқ ба талабот нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт дода шуданд.
Дар ин шумора зери унвони «Ҳамоиш барои муаррифии Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иштироки Зайниддин Сафарзода дар ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии АП СААД», «Мушкилоти экологӣ бояд мушкилоти шахсии ҳар як инсон бошад», «Мушкилоти ҷавонон ва роҳи ҳалли онҳо», «Рамзи истиқлолу озодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон» ва дигар матолиб доир ба мавзӯъҳои рӯзмарра мунташир шудаанд.
Таҳти унвони «Мушкилоти ҷавонон ва роҳи ҳалли онҳо» маводи рӯзноманигори нашрия Ҳ. Тоҳирӣ нашр шудааст, ки он интихоби нодурусти касб аз ҷониби донишҷӯён ва мушкилоти давраи таҳсилро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Муаллиф чунин нигоштааст: «Имсол дар кишвар теъдоди довталабони макотиби олӣ нисбат ба ду сол пеш кам гардида, роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳоро нигарон кард. Ҳар сол довталабон имкон доранд аз миёни зиёда аз 800 ихтисоси пешниҳодшуда 12 — то интихоб кунанд, вале аҷобат он аст, ки қисме аз онҳо боз ҳам дар интихоби касби оянда хато карда, донишҷӯи тасодуфӣ мешаванд. Дар мавриди донишҷӯёни тасодуфӣ хеле зиёд мегӯем, вале ин мушкилӣ то ҳол ҳал нагаштааст, зеро корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда намешаванд, ихтисосҳои нолозим ихтисор намешаванд ва волидон ба интихоби фарзанд дахолат мекунанд…».
Ҳамчунин дар ин матлаб доир ба ҳалли мушкилоти ҷавонон пешниҳодҳо ироа шудаанд, ки хонанда метавонад шакли пурраи ин матлабро аз ин шумора дастрас ва мутолиа намояд.
Нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» дар шумораи рӯзи чоршанбе, 30 ноябр, №50 (20383) Маҷлиси Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки Сарвари давлат дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ва дигар хабару гузоришҳоро ба нашр расонидааст.
Инчунин хонандагони нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» имкон доранд аз ин шумора матолиби ҷолиб, аз қабили «Театр не умрет, пока живы такие актеры, как Хошим Гадо», «Президент Республики Таджикистан-гарант мира и стабильности» ва дигар маводро мутолиа намоянд.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 30 нобри соли 2022, чоршанбе, №47 (1393) хабару гузоришҳо аз ҷараёни иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, паёми шодбошии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ва ғайраро инъикос намудааст.
Инчунин дар ин шумора таҳти унвонҳои «ҲХДТ-мактаби сиёсии Пешвои миллат», «Марҳилаи бузурги созандагӣ дар Рашт», «Ташкилоти ибтидоӣ дар меҳвари корҳои ҳизбӣ», «Рушди маърифати сиёсии ҷавонон- ҳадафи «созандагони Ватан», «Ба ҳангомасозон посухи муносиб медиҳем» матолиби хонданӣ ба нашр расидаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»