ТАСС: ЮНЕСКО нақша дорад бо Тоҷикистон барои пурзӯр намудани тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо ҳамкорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. ЮНЕСКО ташаббуси Тоҷикистонро дар мавриди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ намуда, нақша дорад дар таҳияи лоиҳаҳо бахшида ба рушди ин соҳа бо ҷумҳурӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад. Тавре ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар номаи Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, иттилоъ доданд рӯзи панҷшанбе дар хадамоти матбуотии ӯ.
«Мо итминони комил дорем, ки қатъномаи мазкур ҷиҳати баррасии аҳамияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва таъкиди бештари мушкилиҳои ногузир дар соҳаи муҳити зист, тандурустии инсонҳо ва амнияти захираҳои об, ки аз обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо зуҳур мекунанд, мусоидат хоҳад кард»,- зикр намуд Азуле.
Ба гуфтаи ӯ, «дар доираи Барномаи байниҳукуматии гидрологии худ мо аллакай якчанд лоиҳаҳоро оид ба арзёбии таъсири барф ва пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ оғоз кардем <…> Мо умедворем, ки бо шумо барои боз ҳам таҳким бахшидан ба ин ташаббусҳои муҳим ҳамкорӣ намоем».
14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.
Қаблан Президенти Тоҷикистон борҳо таъкид карда буданд, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо- манбаи оби ошомиданӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дошта бошад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, Тоҷикистон бар асари гармшавии глобалӣ пиряхҳоро аз даст медиҳад ва то кунун аз 13 ҳазор пиряхи ин кишвар як ҳазори он комилан аз байн рафтаанд.
Масоҳати пиряхҳо 8 фоизи қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар баробари ин қариб 60 фоизи тамоми захираҳои обии Осиёи Марказӣ ба ҳиссаи ин пиряҳо рост меояд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






