Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА ҳамкориро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар густариш медиҳанд

Декабрь 8, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Дафтари  барномаҳои САҲА дар Душанбе ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти назорати маводи нашъаовар омода мебошанд. Ин нукта 7 декабр зимни мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвилӣ тазаккур дода шуд.

Зимни мулоқот ҳамчунин Ҳабибулло Воҳидзода аз сатҳи ҳамкории судманди Агентӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва самтҳои фаъолияти Агентӣ, вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва инчунин оид ба ҳамкорӣ дар самти назорат ва пешгирии нашъамандӣ ёдовар шуда, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори Агентӣ Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар таъмири бинои маҷлисгоҳи хурди Агентӣ кумаки молиявӣ намуда, онро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонид. Он минбаъд дар қабули меҳмонон ва баргузории маъракаҳои гуногун, аз қабили ҷаласа, семинар ва мизҳои мудаввар дар соҳаи коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва ғайра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) соли 1994 оғоз ёфт. Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008, Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард. 1 июни соли 2017 Шӯрои доимии САҲА қарорро таҳти №1251 бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон барои мандати нави Дафтар қабул намуд. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдил ёфт.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовар

Декабрь 8, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид