«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Дар пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун доир гардид

Декабрь 21, 2022 08:52

ДУШАНБЕ, 21.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» доир гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ ба 33 нафар ғолибони ҳамаи номинаю бахшҳо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмуни мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдоду ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона гардидааст.

Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, вазорату идораҳо, иштирокчиёни озмуни мазкур ва ҳаводорони шеъру суруд ширкат намуданд.

Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки Душанбеи навин бо азму талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симои расмии Ватани азизамон мубаддал гардида, тӯли чанд соли охир таҳти сарварии шаҳрдори ҷавонаш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба пойтахти арзандаи дорои инфрасохтори мувофиқу муосири шаҳрдориву шаҳрнишинӣ табдил ёфт. Душанбе миёни пойтахт ва шаҳрҳои азими минтақа бо мақому манзалати миллӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуда, макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву иқтисодӣ, варзишӣ ва фарҳангиву маърифатӣ гардидааст.


Озмун миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, эҷодкорони касбиву ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд баргузор гардид.

Он аз рӯйи номинаҳои «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» ва «Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» гузаронида шуда, дар он довталабон аз рӯи категорияҳои аз 11 то 17-сола, аз 18-сола боло ва эҷодкорони касбӣ ширкат намуданд.

Зикр гардид, ки даври якуми озмун миёни қишрҳои ҷомеа ба таври оммавӣ баргузор гардида, дар даври дуюми (ноҳиявӣ) он 1278 нафар иштирок намуданд. Аз онҳо 160 нафар довталабон ба даври шаҳрӣ роҳхат пайдо намуда, 158 нафарашон дар сабқати ниҳоӣ ширкат варзиданд ва 33 нафар аз рӯйи ҳамаи номина ва бахшҳо ғолиб дониста шуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Декабрь 21, 2022 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд