Ҳунармандони Сирки Узбекистон дар шаҳри Бохтар барномаи ҳунарии ройгон пешниҳод менамоянд

Декабрь 6, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 10 декабр ҳунармандони Сирки «Чанор»-и Узбекистон дар шаҳри Бохтар барномаи ҳунарии ройгон пешниҳод менамоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Ҳунармандони Сирки Узбекистон барномаи ҳунарии хешро дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ ба таври ройгон пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.

Инчунин то оғози соли 2023 бо мақсади рушд бахшидани ҳамкории фарҳангии ду мамлакат барои як сол миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Сирки Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Мутобиқи он, намояндагони сирки мазкур давоми як сол дар ҳудуди Тоҷикистон барномаи худро намоиш хоҳанд дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 6, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид