Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми нуҳуми умумироссиягии сулҳ дар реҷаи онлайн иштирок намуд

Декабрь 9, 2022 15:20

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагон Раъно Бобоҷониён дар Форуми нуҳуми умумироссиягии сулҳ, ки 6-8 декабр дар шаҳри Перми Федератсияи Россия дар реҷаи онлайн баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Раъно Бобоҷониён дар қатори ходимони давлатӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди иштирокчиёни форуми мазкур доир ба мавзӯи «Дипломатияи мардумӣ ва таҳкими равобити Тоҷикистон ва Россия» иброз намуд, ки шароити хозираи тезу тунд шудани вазъият дар баъзе минтақаҳо ва таъсири манфии онҳо ба инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ аз ҳамаи мо талаб мекунад, ки роҳҳои ба даст овардани сулҳу осоиш, таъмини ҳамфикрӣ ва боварӣ миёни давлатҳо ва халқҳоро ҷустуҷӯ кунем.

Дар ин замина, дипломатияи мардумӣ низ метавонад дар таҳияи пешниҳодҳо саҳми арзанда гузошта, дар раҳоӣ аз ҳолатҳои буҳронии мавҷуда саҳми арзанда гузорад.

Дипломатияи мардумӣ имрӯз беш аз пеш дар шароити вазъияти мураккаби байналхалқӣ ҳамчун воситаи самарабахши ҷустуҷӯи роҳҳои якҷояи ҳалли проблемаҳои умумӣ бо роҳи мустаҳкам намудани боварии ҳамдигарӣ ва ҳамфикрии байни одамон баромад мекунад.

Дар ин росто, ба унвони мисол, мехоҳам фаъолияти дипломатияи халқиро дар равобити Тоҷикистон ва Россия зикр намоям.

Дар робита ба дипломатияи мардумӣ Россия таҷрибаи ғанӣ дорад, зеро он кишвари сермиллат аст. Муносибатҳои наздики чандинасра ва табодули арзишҳои динию фарҳангӣ дар равандҳои ҳамгироии халқҳои Россия нақши бузург бозиданд ва имрӯз ин падидаро метавон сарвати бузурги Федератсияи Россия арзёбӣ кард.

Дипломатияи мардумӣ дар байни тоҷикон низ аз замонҳои қадим инкишоф ёфтааст. Навиштаҳои бостонӣ собит мекунанд, ки аҷдодони бевоситаи мо – бохтариён, суғдиҳо, марҷиён, хоразмиҳо, қабилаҳои сако-массагетӣ дар шароити мавҷуд набудани институти муносибатҳои байнидавлатӣ дар иртибот бо халқҳои дигар ва ҳангоми тиҷорат аз дипломатияи халқӣ истифода мекарданд. Нишонаҳо (ё намунаҳо)-и дипломатияи халқӣ дар эҷодиёти бузургони мо, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, ибни Сино, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва сафири сулҳу дӯстӣ дар саросари ҷаҳон- Мирзо Турсунзода равшан ифода ёфтааст.

Зарур аст, ки аз мавқеи дипломатияи мардумӣ дуруст истифода бурда, дӯстиву наздикии анъанавиро таҳким бахшида, вазъи орому амн дар минтақаро муштаракан ҳифз намоем.

Акс: МН МО ҶТ

Декабрь 9, 2022 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд